Аъзои гурӯҳи «Авангард» дар Хоруғ бо донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мулоқот намуданд

Январь 27, 2018 10:09

ХОРУҒ, 27.1.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Аъзои гурӯҳи «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дидору гуфтугӯ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба назди донишҷӯёни  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ рафта, бо шароити таҳсилу истироҳати онҳо шинос шуданд. Роҳбари гурӯҳи  «Авангард», устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Мардихудо Давлатов гуфт, ки “сафари мо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон хеле ҷолибу хотирмон гузашт. Мо дар баробари наврасону ҷавонон ҳамчунин бо намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа мулоқот кардем. Бо фарҳанг, ҳунар, расму суннатҳои қадимии аҷдодони худ, ки давоми ҳазорсолаҳо мардумони ин диёри бостонии Тоҷикистон ҳифз кардаанд, шинос шудем ва бисёр маълумоти ҷолиб пайдо кардем. Ҳангоми суҳбат бо ҳунармандони мардумӣ маълум гардид, ки як қисми ин ҳунарҳо маҳз дар замони истиқлолият дубора эҳё гардидаанд. Аз он ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд ва барои ҳунармандони мардумӣ имтиёзҳо муқаррар  намуданд, онҳо хеле хушҳоланд”.

 Раҳбари гурӯҳи  «Авангард» гуфт, ки чунин вохӯриҳои  рӯ ба рӯ  риштаи дӯстию рафоқат миёни  ҷавонони манотиқи гуногуни мамлакатро боз ҳам мустаҳкамтар месозад. Халқи тоҷик мақоли хубе дорад, ки мегӯянд меҳр дар чашм аст. Ҳар қадар одамон бо ҳам наздиктар суҳбат кунанд, ҳамон қадар нисбат ба  ҳамдигар меҳру муҳаббати бештар пайдо мекунанд. Мақсади сафари гурӯҳ ба Бадахшон низ ҳамин аст.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2008 бар асоси тавофуқнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Бунёди Оғохон таъсис дода шуд.

 

 

Январь 27, 2018 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад