Аъзои гурӯҳи «Авангард» дар Хоруғ бо донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мулоқот намуданд
ХОРУҒ, 27.1.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои гурӯҳи «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дидору гуфтугӯ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба назди донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ рафта, бо шароити таҳсилу истироҳати онҳо шинос шуданд. Роҳбари гурӯҳи «Авангард», устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Мардихудо Давлатов гуфт, ки “сафари мо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле ҷолибу хотирмон гузашт. Мо дар баробари наврасону ҷавонон ҳамчунин бо намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа мулоқот кардем. Бо фарҳанг, ҳунар, расму суннатҳои қадимии аҷдодони худ, ки давоми ҳазорсолаҳо мардумони ин диёри бостонии Тоҷикистон ҳифз кардаанд, шинос шудем ва бисёр маълумоти ҷолиб пайдо кардем. Ҳангоми суҳбат бо ҳунармандони мардумӣ маълум гардид, ки як қисми ин ҳунарҳо маҳз дар замони истиқлолият дубора эҳё гардидаанд. Аз он ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд ва барои ҳунармандони мардумӣ имтиёзҳо муқаррар намуданд, онҳо хеле хушҳоланд”.
Раҳбари гурӯҳи «Авангард» гуфт, ки чунин вохӯриҳои рӯ ба рӯ риштаи дӯстию рафоқат миёни ҷавонони манотиқи гуногуни мамлакатро боз ҳам мустаҳкамтар месозад. Халқи тоҷик мақоли хубе дорад, ки мегӯянд меҳр дар чашм аст. Ҳар қадар одамон бо ҳам наздиктар суҳбат кунанд, ҳамон қадар нисбат ба ҳамдигар меҳру муҳаббати бештар пайдо мекунанд. Мақсади сафари гурӯҳ ба Бадахшон низ ҳамин аст.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2008 бар асоси тавофуқнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Бунёди Оғохон таъсис дода шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






