Ба сокинони ноҳияи Шаҳритус Паёми Пешвои миллат шарҳ дода шуд

Январь 10, 2018 15:57

ШАҲРИТУС, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо мулоқоти гурӯҳҳои корӣ дар иртибот ба ташреҳи Паёми солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони муассисаву созмонҳои давлатӣ ва донишмандони саршиноси ҷумҳурӣ  дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон суҳбату вохӯриҳои худро идома медиҳад. То ин дам дар ҷамоатҳои Талбак Садриддинов, Обшорон, Х. Холматов, Ҷура Назаров бо аҳли ҷамоат ва фаъолони ноҳия мулоқотҳои судманд доир гардиданд. Донишмандони маъруфи тоҷик А. Мирзозода, С. Муллоҷон, А. Муродзода, Т. Ғуломов ва Ф. Одинаев бандҳои асосии Паёмро ба сокинони ин ҷамоатҳо шарҳу тавзеҳ  доданд. Аз ҷумла, масъалаи таъмини амнияти давлат ва мардум, ки шарти асосии пешрафти ҳар мамлакат дониста мешавад ва хатари гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ махсус таъкид карда шуд.

Зикр шуд, ки соли равон бо ташаббуси Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ба мардуми ноҳия гуфта шуд, ки бояд иншооти таърихиву меъмории ноҳияро бештар тарғиб кунанд. Гурӯҳи корӣ аз ёдгориҳои таърихӣ-меъмории ноҳия ва минтақа, аз ҷумла, Хоҷа Машҳад, Хоҷа Дурбат, Тахти Сангин ва Чилучорчашма дидан карда, доир ба аҳамияти ин ёдгориҳо бо мардум гуфтугӯ карданд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки ба масъалаҳои мактабу маориф ва тарбияи насли ҷавон дар самти худшиносии миллӣ бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

 

Январь 10, 2018 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад