БИТКОИН ЧИСТ? Оё он дар Тоҷикистон метавонад амал кунад?

Январь 16, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 16.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир дар тамоми сомонаҳои интернетӣ, ВАО-и хориҷӣ ва давлатӣ оид ба биткоин (bitcoin) – як навъи асъори рақамӣ маводи зиёд чоп мешаванд.  Дар мавриди  мавҷуд будани биткоин дар Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои муҳими ба он дахлдошта аз Бонки миллии Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ “Ховар” чунин маълумот доданд:

Биткоин (bitcoin) – як навъи асъори рақамӣ (крипто-асъор) буда, он танҳо дар доираи шабакаи Интернет бароварда (эмиссия) мешавад ва дар ин шабака дар муомилот қарор дорад. Барориши биткоин дар натиҷаи кори миллионҳо компютерҳо дар тамоми ҷаҳон бо истифодаи барномаҳои ҳисобу китоби алгоритмҳои мураккаби математикӣ таъмин карда мешавад. Яъне, дар асл биткоин ҳамчун асъор ба таври воқеӣ вуҷуд надорад. Танҳо рӯйхатҳои (реестрҳои) махсус вуҷуд доранд, ки дар онҳо биткоинҳо ва амалиёт бо онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Чунин рӯйхатҳоро блокчейн низ меноманд. Блокчейн –пойгоҳи маълумоти тақсимшудае мебошад, ки дар он иттилоот оид ба амалиёти аз ҷониби иштирокдорони низом анҷомдодашуда ба таври занҷири блокҳо дарҷ мегарданд.

Бояд зикр намуд, ки аввалин маротиба ғояи барориши крипто-асъорҳо ҳанӯз соли 1992 пайдо гардида буд, аммо истифодаи онҳо оммавӣ нагардид. Танҳо соли 2008 ғояи барориши крипто-асъор бо номи биткоин аз ҷониби барномасоз таҳти тахаллуси Сатоши Накамото дар амал татбиқ гардид. Низоми биткоин дар асоси шабакаи пирингӣ (якранга) сохта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи иштирокчиёни он ҳуқуқи баробарро соҳибанд. Низом ғайримутамарказ мебошад, яъне маркази ягонае, ки фаъолияти низом аз он вобаста бошад ё идора карда шавад, вуҷуд надорад. Биткоинро ягон мақомот назорат ва танзим намекунад.

Айни замон дар фазои виртуалии Интернет зиёда аз 1200 адад крипто-асъорҳо дар муомилот мебошанд. Крипто-асъорҳое, ки  бештар маъруфанд, инҳоянд: Bitcoin, Ethereum, Ripple, Litecoin, NEM, Ethereum Classic ва ғайра.

Қурби биткоин дар “биржаҳои” махсусе, ки дар онҳо биткоин мубодила мегардад, муайян гардида истодааст. Дар тафовут бо асъорҳои муқаррарӣ биткоин бо ягон дороиҳо таъмин нест, танзим карда намешавад, ба ягон давлат ё иқтисодиёт вобастагӣ надорад ва тавре дар боло зикр гардида буд, дар амал вуҷуд надорад. Мубодилаи биткоин  ба пулҳои муқаррарӣ дар ин “биржаҳо” ва платформаҳои сершумори мубодилаи крипто-асъорҳо анҷом дода мешавад. Айни замон қурби биткоин ноустувор буда, ба лаппишҳои ниҳоят калон дучор гардида истодааст ва характери ҳаннотӣ дорад. Аз ин рӯ, дар арсаи байналмилалӣ коршиносони пуртаҷриба ҳангоми харидорӣ намудан ва додугирифти биткоин эҳтиёткориро тавсия медиҳанд.

Аз нуқтаи назари сиёсати давлатӣ, истифодаи низоми пардохтии ниҳонӣ (анонимӣ) аз ҷониби аҳолӣ хатарҳо ва хавфҳои иҷрои амалиёти марбут ба маблағгузории терроризм ва шустушӯи пул ва дигар амалиёти молиявии ғайриқонуниро зиёд мекунад. Зеро амалиёт бо крипто-асъорҳо бидуни бонкҳо ва дигар институтҳои молиявӣ, мустақиман байни дорандагони ҳамёнҳои биткоин амалӣ карда мешаванд. Масалан, дар яке аз платформаи интернетӣ фурӯши моддаҳои психотропӣ ва маводи нашъадор бар ивази биткоин ба роҳ монда шуда буд.

Дар арсаи байналмилалӣ мавқеи ҳуқуқии биткоин дар кишварҳои гуногун фарқ мекунад. Дар як қатор кишварҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ кӯшиши ба муомилоти низоми молиявӣ ворид намудани биткоин амалӣ шуда, расман амалиёт бо биткоин иҷозат дода шудааст. Одатан крипто-асъорҳо ҳамчун мол ё дороиҳои инвеститсионӣ шинохта шудаанд. Дар баъзе давлатҳо биткоин ҳамчун асъори баҳисобгирӣ (масалан, дар Германия) ё ҳамчун воситаи пардохт (масалан, дар Япония) эътироф карда шудааст.

Дар давлатҳои дигар, аз қабили Чин, Ҳиндустон, Бангладеш, Таиланд, Ветнам ва ғайра гузаронидани амалиёт бо биткоин ва фаъолияти биржаҳои крипто-асъорҳо манъ аст.

Масалан, Вазорати молияи Ҳиндустон крипто-асъорҳоро ба аҳромҳои (пирамидаҳои) молиявӣ шабоҳат дода, аҳолии кишварро  барои худдорӣ намудан аз хариду фурӯши крипто–асъорҳо даъват менамояд ва таъкид менамояд, ки шахсони бо хариду фурӯши крипто–асъорҳо машғулбуда худро ба хавфҳои молиявӣ, амалиётӣ ва ҳуқуқӣ дучор менамоянд.

Ниҳонӣ ва беисм (анонимӣ) будани дорандагони биткоин ва амалиёт бо он, инчунин мавҷуд будани ҳолатҳои истифодаи биткоин бо мақсадҳои ҷиноӣ, мақомоти дилхоҳ давлатро водор менамояд, ки падидаи крипто-асъорҳоро таҳти таҳлил ва танзими қатъӣ қарор диҳад.

Бо вуҷуди он ки муомилоти биткоин рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст, аммо то ҳол муқаррарот ва ё нигоҳи ягонаи бонкҳои марказӣ ва мақомоти давлатӣ ҷиҳати танзими крипто-асъорҳо ва мавқеи ҳуқуқии онҳо муайян карда нашудааст.

Дар баробари ин, дар асоси технологияи муосири блокчейн дар як қатор давлатҳо лоиҳаҳои барориши крипто-асъорҳои миллӣ дар доираи бонкҳои марказӣ баррасӣ шуда истодаанд (масалан, дар Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Исроил, Украина, Канада ва ғ.). Аз ҷумла, Бонки Канада ҳамчун бонки марказии ин кишвар лоиҳаи CADcoin-ро дарякҷоягӣ бо бонкҳои калонтарин, аз қабили «Bank of Montreal», CIBC, «Royal bank of Canada», «Scotiabank» ва «TD Bank», инчунин дар ҳамкорӣ бо консортсиуми бонкии R3CEV амалӣ намуда истодааст.

Тибқи моддаи 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” пули миллии  ба муомилот баровардашуда ва дар гардиш  қарордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна уҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон крипто-асъорҳо, аз  ҷумла, биткоин ба монанди дигар асъорҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи қонунии пардохт эътироф нагардидааст ва оид ба истифодаи он низ сухане дарҷ нагаштааст. Вобаста ба ин дар қаламрави мамлакат  амалиёти молиявию бонкӣ бо истифодаи онҳо гузаронида намешаванд.

Чунон ки зикр шуд, биткоин танҳо дар шабакаи Интернет дар барориш ва дар муомилот қарор дорад, аз ин рӯ бинобар ниҳонӣ будани он муайян намудани шахсияти дорандагони биткоин дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ё аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё дигар давлат ғайриимкон мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза бо таваҷҷуҳи хосса таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ҳама гуна иттилооти вобастаро ҷиҳати танзими ҳуқуқии биткоин ва дигар крипто-асъорҳо, инчунин назари таҳлилгаронро оид ба таъсири мусбат ва ё манфӣ доштани истифодаи ин асъорҳо ба низоми молиявии ҷаҳон омӯхта истодааст.

Бо вуҷуди ин, бояд дар хотир дошт, ки ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо пули миллӣ –сомонӣ иҷозат дода шуда, танҳо он воситаи қонунии пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Ибодат ДАВЛАТОВА,

АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Чангоб»-и Ҳисор зиёда аз 130 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ЧОЙХОНАИ ТОҶИКӢ ДАР КЛАГЕНФУРИ АВСТРИЯ. Суратгузориш аз ифтитоҳи он баъди таъмиру навсозӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсария баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! То 5 июл дар баъзе аз ноҳияҳои Тоҷикистон хатари омадани сел боқӣ мемонад
Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати хабарнигорони нашрияи «Жэнмин жибао»-и Чин мулоқот намуд
Мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Чин такмили ихтисос намуданд
АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «КОРД». Дар 6 моҳи соли равон 62 адад силоҳи сард мусодира гардид
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ –амалӣ доир шуд
Операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов дар синни 76 аз олам даргузашт
Fly.tj ба туфайли интернет «парвоз мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад