Боздиди Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз Маҷмааи «Кохи Наврўз»
ДУШАНБЕ, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Душанбе аз Маҷмааи «Кохи Наврўз» дидан кард. Дар тамошои «Кохи Наврўз» Абдулло Ориповро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни боздид аз «Кохи Наврўз» Абдулло Орипов ба тарҳи бино ва ороиши он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва ҳунару маҳорати баланди кандакории мардуми тоҷик баҳои баланд дод.
Кандакориҳо дар чӯб, мусаввараҳо, қандилҳои зебову диққатҷалбкунанда ва дигар шоҳкориҳои меъморӣ, ки таърих, урфу одат, расму оин ва маданияту фарҳанги волои миллати тамаддунофари тоҷикро ифода мекунанд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Дар толори «Дидор» ба Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов доир ба кандакории миллӣ дар чӯб, наққошӣ ва муҷассамаҳои сангӣ, ки барои миллати тоҷик аз гузашта чун мероси аҷдодӣ боқӣ мондааст, маълумоти муфассал дода шуд.
Дар ин толор диққати меҳмонон ба шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, ки бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо ва ҳаккокӣ намудани ҳаёту рўзгор, расму оин ва дигар анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик дар сангу чӯб ҷалб гардид.
Дар толори «Аржанг» ба меҳмонон маълумот дода шуд, ки сангҳои ороишии он аз манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуда, истифода гардидаанд. Лоҷувард, оникс, яшми сабз, мармари сафеду сурх ва дигар сангҳо дар ин ҷо моҳиронаву устокорона ба ҳам омада, композитсияи бадеиро ташкил додаанд. Тавре гуфта шуд, барои ороиши толори «Аржанг» 29 намуд сангҳои ороишӣ истифода шудаанд.
Ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов аз толорҳои «Зарандуд» ва «Гулистон»-и «Кохи Наврўз» дидан намуд. Сутуну дарҳои зебо ва дигар мӯъҷизаҳои толори «Гулистон», ки аз ҷониби устоҳои тоҷик кандакорӣ шудаанд, ҷозибаи махсус дошта, ба ҳар бинанда рўҳу илҳоми тоза мебахшанд.
Сақф ва сутунҳои ин толор аз чӯбҳои кандакоришуда иборатанд. Дар деворҳои толори «Аржанг» намунаи нигораҳо аз асарҳои Камолиддини Беҳзод, Умари Хайём ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ҳаккокӣ шудаанд.
Дохили толори бузурги «Зарандуд», ки баландиаш то маркази гумбаз 36 метр аст, муҷаллост ва ранги сафед дорад. Ин толор бо санъати оинабандӣ дар омехтагӣ бо гаҷкорӣ ороиш дода шудааст. Ба Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи «Кохи Наврўз» дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, он аз 15 толор иборат аст. Дар бунёди кохи мазкур асосан корҳо дастӣ иҷро шудаанд.
Дар маҷмӯъ, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ўзбекистон ба услуби меъмории сохтмони «Кохи Наврўз», ки таҷассумгари тамоми паҳлуҳои фарҳанги миллии мардуми тоҷик мебошад ва шоҳкории беназири ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, баҳои баланд доданд.























ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






