“ЧЕХОВРО МЕХОНАМ, МОТУ МАБҲУТ МЕШАВАМ…”. Ба муносибати 158-солагии адиби оламшумул
ДУШАНБЕ, 29.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ зодрӯзи яке аз нобиғагони адабиёти ҷаҳон, носир ва драмнависи машҳури рус Антон Павлович Чехов ҷашн гирифта мешавад. Насри безаволи ӯ ба забонҳои зиёди дунё тарҷумаву нашр гардидааст. Асарҳои машҳури драмавии ӯ “Се хоҳарон”, “Боғи олуболу” ва “Моҳихӯрак” (“Чайка”) солҳост, ки дар саҳнаҳои театрҳои тамоми дунё бо муваффақият намоиш дода мешаванд. Чехов шахсияти ҷаҳонӣ ва ягонаи даврони худ аст. Дар тӯли зиндагонияш тавонистааст тахминан ҳазор асар эҷод кунад. Ӯ метавонист табиби беҳамто бошад, аммо пешаи мазкурро камдаромад шуморида, ба эҷодкорӣ машғул шуд ва дар байни хонандагон ва ҳамзамонони худ соҳиби иззату обрӯ гардид. Солҳои бачагии Чехов хеле босамар гузаштаанд. Ӯ тавонист ҳам ҳунар омӯзад, ҳам таҳсил кунад, ҳам ба падар ёрӣ диҳад, ҳам дар дастаи хор суруд хонаду ҳам машғули бозӣ шавад.
Вожаи “чех” дар номи Чехов барои ӯ мероси гузаштагон нест. Ин ном чун тахаллуси хонаводагист.
Нависанда ва драматурги нобиғаи рус А.П.Чехов табиби касбӣ буд. Дар асл ӯ бо бемороне, ки онҳоро муолиҷа мекард, хеле муносибати самимона дошт.
Дар ҳикояҳои ӯ ҳамеша мушоҳидаҳои ҳайратовари як табиби худодод, ки қобил аст на фақат хусусиятҳои зоҳирии инсон, балки олами ботинии ӯро низ таҳлил кунад, ба назар мерасанд. Ӯ чун рӯҳшиноси нозукандеш ва донандаи амиқи рӯҳияи инсон баъзан ба беморони худ барои ҳалли муаммоҳои ғайримуқаррариашон кумак мерасонд.
Далелҳои ҷолиб аз ҳаёти А.П. Чехов он қадар зиёданд, ки метавон аз онҳо китобе сохт. Аммо бо овардани онҳо дар ҳудуди мақолае иктифо мекунем. Танҳо мехоҳем илова кунем, ки агар шумо ҳеҷ гоҳ асарҳои ин нависандаи барҷастаро, ки дар тамоми олам машҳур аст, нахонда бошед, ҳарчи зудтар ин камбудиро ислоҳ кунед. Бисёре аз одамони бузурги асри бист мутолиаи Чеховро беҳтарин истироҳат барои рӯҳ ҳисобидаанд, зеро зебогии ҳайратангези забони Чехов, танзи зариф, истеҳзо ва амиқии мулоҳиза – инҳо ҳама ҳикояҳои ӯро дар олам беназир гардонидаанд. Бо ин ҳама теъдоди зиёди ҳикоёти ҳаҷвӣ ӯ ғайричашдошт одами хеле ҷиддӣ ва дар баробари ин ҳазлкаш ҳам буд. Ба гуфти ҳамзамонон, чашмони Чехов нимпӯши хандон буданд. Бояд гуфт, ки ӯ ба тамоми маъно нависандаи “мардмизоҷ”, куллан инсони беистиғно, яъне бе нозу нуз буд. Нависанда дар бораи қаҳрамононаш бо пайванди ғайриинтизори далелҳои муайяну дақиқи духтурӣ ва ороиши ширадори нозуки услуби бадеӣ сухан мекунад. Инак барои шинохти симои инсониву эҷодии адиби номдор далелҳои ҷолибро аз ҳаёти ӯ пешкаши хонандагон мекунем.
Далелҳои аҷиб аз ҳаёти А.П.Чехов
Дар хонаводаи Чехов панҷ писару як духтар мезистанд. Антон фарзанди сеюм буд. Падараш савдогари одӣ буда, дӯкони баққолӣ дошт.
Ҳар рӯз баъд аз дарс Чехов бо бародаронаш ба навбат дӯкони падарро нигаҳбонӣ мекарданд. Соати панҷи субҳ хонавода барои он бедор мешуд, ки дар хори калисо суруд хонанд.
Антони хурдакакро шӯхиомез “бомба” меномиданд, зеро ӯ сари аз ҳад калон дошт. Аз чунин муносибат ӯро қаҳр меомад. Аз рӯи ёддоштҳои волидайн ӯ аз ҳама писараки фурӯтану ҳалими хонавода буд.
Солҳои зиёд Чехов дӯст медошт, ки дар хонавода бо бародарон ва хоҳараш суруд хонад . Аммо ба гуфти худи нависанда, “дар кӯдакӣ ӯ кӯдакӣ надошт”.
Иван Бунин –нависандаи машҳури рус дӯсти наздики Чехов буд.
А.П.Чехов ба эҷодиёти Гогол эҳтироми баланд дошт ва ӯро падарбузурги романи русӣ меҳисобид.
Муҷассамаи Пётри Якум дар Таганрог-зодгоҳи Чехов маҳз бо талошҳои Чехов гузошта шудааст.
Чехов ба ҷамъоварии маркаҳо шуғл меварзид. Теъдоди зиёди дафтарчаҳои қайднависӣ дошт.
Нависанда рафторҳои аҷибу ғайримуқаррарӣ ҳам дошт. Масалан, ба ҷевоне, ки шириниҳо дошт, эҳтиромона “азиз ва бисёр муҳтарам” гӯён муроҷиат мекард.
Чехов камгап ва аксар хомӯш буд.
Дар Германия соли 1908 аввалин муҷассамаи Чехов гузошта шудааст. Вафоти Чехов низ маҳз дар Германия ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар Ню-Йорк ба нашриёт номи Чеховро монданд.
Кам касон ин далелро медонанд, ки маҳз ба шарофати дӯстӣ бо Чехов Максим Горкий тавонист пйесаи баъдан шӯҳратёфтаи худ “Дар қаър”(“На дне”)-ро ба табъ расонад. Маҳз Чехов А.М. Горкийро водор кардааст, ки ҳаёти худро ба драматургия бахшад.
Тамоми моликияташро адиб ба хоҳари ягонааш Мария Павловна васият кардааст.
Ин далел аҷиб аст, ки дар баробари ёфтани шӯҳрат Чехов хонумҳои ҳаводори зиёде пайдо кард, то ҷойе, ки онҳо дар ҳама ҷо ӯро таъқиб мекарданд. Ҳангоми сайру гашт дар кӯчаҳо онҳо гӯё “тасодуфан” бо ӯ рӯ ба рӯ меомаданд ва бо ҳар роҳе мехостанд, диққаташро ба худ кашанд. Онҳо бо диққат костюми тани ӯро аз назар мегузарониданд, аз тарзи роҳгардӣ ва табассумҳои ӯ, ки ба қавли ҳамзамонҳо воқеан “дилрабо” будааст, ба ваҷд меомаданд. Ба забони тези рӯзноманигорони маҳаллӣ, зуд онҳо “антоновкаҳо” ном гирифтанд.
Бо ҳамсари худ Чехов ҳамагӣ шаш моҳ зистааст. Баъд ҳамсараш ба Москва кӯчидаву ӯ дар Ялта монд.
Ҳамсари Чехов 55 сол бештар аз ӯ зистааст.
Ба номи Чехов танӯра-вулқоне дар Меркурий гузоштаанд.
Оё медонед, ки А.П. Чехов ба сегонаи адибони дар ҷаҳон аз ҳама бештар асарҳояшон ба нашррасида дохил мешавад? Ин рӯйхатро Шекспир сарварӣ мекунад, аз паси ӯ Чехов ва баъдан Диккенс меоянд.
То соҳиб шудан ба шӯҳрати адабӣ нависандаи ҷавон қариб 5 сол дар нашрияҳои гуногун ба сифати “ҳабаши адабӣ” (“литературний негр”) кор кардааст. Одатан ба ӯ навиштани ҳикояҳои ҳаҷвиро мефармуданд.
Чехов беш аз 50 тахаллуси гуногун дошт. Аз ҳама машҳури онҳо: “Антоша Чехонте”, “Шиллер Шекспирович Гёте”, “Шампанский”, “Бародари бародари ман”, “Гайка №6”, “Гайка №9”, “Грач” (Шӯрнӯл), “Одами бе сипурз”, “Акакий Тарантулов”, “Ҳеҷ кас”…
На ҳама медонанд, ки Антон Чехов бо ҳама сахтгирии табибонааш одами бениҳоят некрафтор будааст. Ӯ тамоми умр хайриякор буд. Дар ҷамъоварии маблағ барои сохтмони мактабҳои деҳот ва осоишгоҳҳо барои камбағалон саҳм мегузошт. Табиби фидокор буд. Ҳатто солҳои охири умр, ки худ сахт бемор буд, дар соатҳои муайян беморонро қабул карда, онҳоро бепул бо дору таъмин менамуд.
Чехов бо оҳангсози барҷаста П.И. Чайковский робитаи дӯстӣ дошт ва ба ӯ ҳикояе бо номи “Субҳи гирифтарӯ” бахшидааст. Ҳатто нияти навиштани суруде бо Чайковскийро дошт.
Лев Толстой баъд аз вафоти Чехов гуфта буд: “Чехов ба андешаи ман тарзи нав, ба куллӣ нави нигориш (нависандагӣ)-ро дар ҷаҳон офарид, ки шабеҳашро ман дар ҷойе надидаам…”. Суханҳои зерин ҳам ба Л.Н.Толстой дахл доранд: “Чехов Пушкин дар наср аст”.
Боре Чехов ба бародари худ навишта буд: “Агар аз мартабаҳо сухан ронем, дар фарҳанги рус ӯ (Чайковский) ҳоло ҷойи дуюмро баъд аз Лев Толстой ишғол мекунад, ки кайҳост дар ҷойи аввал нишастааст. (Ҷойи сеюмро ман ба Репин медиҳам. Худам ҷойи наваду ҳаштумро мегирам)”.
Боз як далели аҷиб аз ҳаёти Чехов. Антон Павлович боре дар номааш навишт: “Ман забонеро беҳтар аз забони Лермонтов намедонам. Ман аз ӯ навиштан омӯхтам”.
Дар муддати 25 соли собиқаи нависандагӣ Чехов 900 асари гуногун офаридааст.
Чехов тавонистааст марги худро пешгӯӣ кунад.
Адиби бузург ҳамагӣ 44 сол умр дид.
Чехов шабона, дар рӯи дасти ҳамсараш дар Германия вафот кард.
Ӯ ва ҳамсараш орзу доштанд соҳиби фарзанд шаванд. Аммо ба ин орзу нарасиданд. Ҳамсари ӯ ҳомиладор шуд, аммо бо шуғли корҳои вазнин натавонист худ ва кӯдакашро нигоҳ дорад.
Чехов бо ҳама неру ба беморони сил, ки ба назди ӯ ба Ялта меомаданд, ёрӣ мерасонд.
Аз ҳама мукотибаи самимонаи ӯ бо ҳамсараш сурат гирифтааст.
Чехов таҳрири ҳикояҳои дигаронро дӯст медошт. Ӯ ин амалро варзиши майна меҳисобид.
Ҳамзамонҳо ӯро инсони хоксор медонистанд.
Чехов дар бораи худ навиштанро дӯст намедошт.
Чехов сафар карданро дӯст медошт ва бисёр сафар мекард.
Дар Монте – Карло Антон Павлович тахминан 900 франкро бохт.
Солҳои 1890-ум дар мавзеи биҳиштосои Сейлон буд.
Дар Таганрог Антон Павлович се сол дар танҳоии мутлақ мезист. Он вақт ӯ ҳатто барои зистан пул надошт.
Чехов ҷоизаи ба номи Пушкинро барои маҷмӯаи ҳикоёташ бо унвони “Дар говгум” (“В сумерках”) гирифт.
Шӯҳрати ҷаҳонӣ ба Чехов баъд аз вафоташ омад..
Дар қӯрғони Мелихово, ки Чехов онро харида буд, адиб садҳо бех ёсуман шинондааст.
Ӯ ҳама вақти холии худро дар боғ мегузаронд.
Чехов аз хурдсолӣ таъминкунандаи асосии хонавода буд.
Басаҳнагузории аввалин асари драмавии Чехов “Чайка” бебарор анҷом ёфт.
Меҳмондӯстии нависандаи бузург ҳудуд надошт.
Чехов ошиқпеша буд. Теъдоди занони бо ӯ муносибатдошта ба 30 нафар мерасад.
Антон Павлович ҳаргиз намехост зан бигирад, аммо Олга Книппер ба ӯ ин шартро гузошт.
Дар сари китоби худ “Ҷазираи Сахалин” Чехов панҷ сол заҳмат кашидааст.
Ӯ қариб бист сол гирифтори бемории сил буд.
Вақте ки ба ӯ мунаққидон дармеафтоданд, ӯ мехост худкушӣ кунад.
Занон ҳамеша дар таъқиби ин нависандаи номдор буданд ва ӯро дӯст медоштанд…
Суханони машҳури Чехов:
“Мӯъҷазбаёнӣ хоҳари истеъдод аст”.
“Агар дар саҳнаи аввал дар девор камон овезон бошад, дар саҳнаи охир он бояд тир холӣ кунад”.
“Тиб ҳамсари қонунии ман аст, адабиёт маъшуқаи ман. Вақте аз яке дилгир мешавам, ба ҷониби дигарӣ меравам”.
“Духтари ношинос ба зарфи сарбастае монанд аст, ки моеъи номаълум дорад. Метавонистам бичашам, аммо метарсам: заҳр надошта бошад?”
“Агар ҳамсарат ба ту хиёнат кард, хурсандӣ кун, ки ӯ ба ту хиёнат кард, на ба Ватан”.
“Оё имтиёзе, ки ба Иван доданд, бар зиёни Петр нест”?
“Агар аз танҳоӣ тарсед, зан нагиред”.
“Гап дар сари рӯҳбаландӣ ё рӯҳафтодагӣ нест, гап дар сари он аст, ки навад фисади мо ақл надорем”.
“Кӯдакон муқаддас ва покизаанд, набояд онҳоро бозичаи табъи худ созем”.
“Занҳо бе ҷамъияти мардон хира мегарданд, аммо мардон бе занон гӯланд”.
“Одамоне ҳастанд, ки фақат суханони хуб ва оқилона мегӯянд, аммо ҳис мекунед, ки онҳо беақланд”.
“Имрӯз рӯзи бисёр олист. Ё бояд рафта чой нӯшид ва ё худро овехт”.
“Агар ба ангуштат хор халад, хурсанд шав, ки “хайрият, ба чашмам нахалид”.
Дар ҷамъбаст се мисраии нависандаи япон Асахи Суэхикоро меорем:
“Шаби тирамоҳ…
Антон Чеховро мехонам…
Аз ҳайрат моту мабҳут (гунгу кар) мешавам…”.
Таҳияи
Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ “Ховар”