Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои аз 1 то 4-сатҳа сохта мешаванд

Январь 27, 2018 10:42

ДУШАНБЕ, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар шаҳри Душанбе бунёди 60 адад таваққуфгоҳҳои  аз 1 то 4-сатҳа  барои   нигоҳдории нақлиёт  ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода дирӯз зимни  нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО  хабар дод.

Тибқи иттилои номбурда,  айни ҳол дар шаҳри Душанбе  бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта  сохтмони  намунавии чунин таваққуфгоҳҳои пулакӣ, ки  фаъолияти онҳо  ба таври худкор  ба роҳ монда шудааст,  оғоз шудааст.

«Соли 2017 дар пойтахт 8 адад чунин таваққуфгоҳҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Тибқи нақшаи тарҳрезишудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар навбати аввал чунин таваққуфгоҳҳо дар назди Театри миллӣ ва меҳмонхонаи «Вахш» сохта мешаванд», — изҳор намуд М.Зувайдзода.

Январь 27, 2018 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад