Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои аз 1 то 4-сатҳа сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар шаҳри Душанбе бунёди 60 адад таваққуфгоҳҳои аз 1 то 4-сатҳа барои нигоҳдории нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО хабар дод.
Тибқи иттилои номбурда, айни ҳол дар шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта сохтмони намунавии чунин таваққуфгоҳҳои пулакӣ, ки фаъолияти онҳо ба таври худкор ба роҳ монда шудааст, оғоз шудааст.
«Соли 2017 дар пойтахт 8 адад чунин таваққуфгоҳҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Тибқи нақшаи тарҳрезишудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар навбати аввал чунин таваққуфгоҳҳо дар назди Театри миллӣ ва меҳмонхонаи «Вахш» сохта мешаванд», — изҳор намуд М.Зувайдзода.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






