Дар Истаравшан ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 08.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ барои муайян кардани самтҳои асосии рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ҳамчун қутбнамо мебошад. Ин нуктаро раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода зимни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ баён дошт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти раиси шаҳри Истаравшан Шералӣ Азимӣ хабар дод.
Дар ҷаласа намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, роҳбарони идораву муассисаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ ва созмону ташкилоти ҷамъиятӣ ширкат варзида, андешаву бардоштҳои худро аз Паёми Пешвои миллат иброз доштанд.
Зикр шуд, ки Паёми навбатӣ низ инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад. Тавассути Паёми имсола Сарвари давлат роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар раванди корбарии хеш робитаи худро бо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятии амалкунанда бобати ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи ҷомеа имрӯз боз ҳам қавитар гардонида, ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолии шаҳру деҳоти Истаравшан кӯшиш ба харҷ медиҳад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






