Дар шаҳри Хоруғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Январь 30, 2018 09:09

ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -шаҳри Хоруғ намоиши маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ аз шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Дар ин бора корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нилуфар Асламшоева ба АМИТ «Ховар» дод.

Ба иттилои манбаъ, зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед таъкид дошт, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба беҳтар гардидани сатҳи иқтисодии рӯзгори мардум гувоҳӣ медиҳад.

Таъкид гардид, ки доир намудани чунин намоишгоҳҳо ба ҳунармандони мардумӣ имкон медиҳад, то маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта, онро ба ҳамагон муаррифӣ намоянд. «Дар ин замина ҳунармандон метавонанд барои маҳсулоти истеҳсолнамудаашон харидор пайдо намоянд», — иброз дошт раиси вилоят.
Ширкаткунандагони намоиш иброз доштанд, ки ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бемонеаи ҳунарҳои мардумӣ саъй бар он мекунанд, ки бо тайёр намудани маҳсулоти баландсифат ҳунарҳои мардумии тоҷикони кӯҳистонро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ созанд.

 

 

 

Январь 30, 2018 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд