Эмомалӣ Раҳмон: «Кодекси нави автомобилии ҷумҳуриро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва созишномаҳо таҳия бояд кард»

Январь 26, 2018 15:39

ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳаждаҳуми  Шӯрои машваратӣ  оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  таъкид карданд, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба  қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон  яке аз ҳадафҳои  стратегии мамлакат муайян шудааст. Дар ин росто,  Пешвои миллат зикр намуданд, ки рушди соҳа, ҳамчунин дар ҷодаи баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, тақвият бахшидан ба неруи содиротии мамлакат, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми басо арзишманд гузошта метавонад. Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ва стратегияву барномаҳои рушди нақлиёт аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд имкон пайдо шуд, ки дар давраи начандон тӯлонии истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шавад. Дар натиҷа се минтақаи алоҳидаи ҷумҳурӣ аз лиҳози инфрасохтори нақлиётӣ бо ҳам пайваст гардид ва маҷмааи ягонаи нақлиётӣ таъсис дода шуд. Илова бар ин, бо татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ маркази кишвар бо ҷануб тавассути роҳи оҳан пайваст гардид ва ҳоло дар мамлакат барои барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодаанд, ки 30 фоизи сандуқи умумии лоиҳаҳои татбиқшавандаро дар ҳамаи соҳаҳо дарбар мегиранд.  Бо дахли муҳимияти роҳҳо дар рушди иқтисоди миллӣ Президенти Тоҷикистон зикр карданд, ки ин роҳҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ аҳамияти муҳим доранд. Аммо ин дастовардҳо ниҳояти кор нестанд ва моро зарур аст, ки барои истифодаи пурраи захираҳои мавҷудаи соҳа, баланд бардоштани қобилияти рақобати бахши нақлиёти ватанӣ ва таъмин намудани рушди устувори он боз корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Аз ҷумла, яке аз самтҳое, ки метавонад ба иқтисоди миллӣ даромади назаррас ворид намояд, таҳкими иқтидор ва имкониятҳои транзитии мамлакат мебошад, зеро то ба ҳол имконоти транзитии Тоҷикистон тавассути роҳҳои мошингард, роҳи оҳан ва масири ҳавоӣ пурра истифода бурда намешаванд.  Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид карданд, ки тибқи таҳлилҳо, айни замон низоми маъмурии соҳа, аз ҷумла, расмиёти ҳамлу нақл, хизматрасонии назди роҳҳо ва монанди инҳо ба такмил эҳтиёҷ дорад. Дар ин самт густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ зарур буда, инфрасохтори мукаммал барои нигоҳдории роҳҳо, долонҳои нақлиётӣ, гузаргоҳҳои замонавии наздисарҳадӣ ва дигар иншооти зарурии барои транзит мувофиқ бояд бунёд карда шаванд. Иҷрои ин шартҳо моро ба ҳадафҳои гузошташуда наздиктар месозад.

Дар ин росто Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  таъкид карданд, ки ба Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки Кодекси нави автомобилии ҷумҳуриро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва созишномаҳои аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Январь 26, 2018 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст