Имсол Телевизиони «Сафина» ба таҳияи филмҳои телевезионии бисёрсериягӣ шурӯъ мекунад
ДУШАНБЕ, 29.01.2018 / АМИТ «Ховар»/. Нишасти матбуотии Телевизиони «Сафина» доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2017 бо суолу ҷавоби роҳбарияти ин муассиса бо намояндагони ВАО оғоз гардид.
Директори муассиса Носир Саидов зимни посух ба суолҳои хабарнигорон, аз ҷумла, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ Телевизиони «Сафина» 20 барномаи навро дар жанрҳои мухталиф таҳия ва се лоиҳаи калонҳаҷми озмунӣ- Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ – телевизионии эҷодиёти халқ Бӯстон -2017, озмуни телевизионии «Беҳтарин» ва «Ихтироъ»-ро амалӣ намуд.
Носир Саидов ҳамчунин иброз дошт, ки яке аз дастоварҳои назарраси Телевизиони «Сафина» дар ин давра гузариш ба пахши дақиқияташ баланд (HD) аст, ки бахшида ба ин рӯйдоди фараҳбахш ва Рӯзи забони давлатӣ 5 октябр дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе барномаи калони фарҳангӣ ташкил гардида, ҷараёни он ба таври мустаҳким тариқи эфири шабака пахш шуд.
«Лоиҳаи дигаре, ки аз навгониҳои Телевизиони «Сафина» маҳсуб мешавад, ин лоиҳаи «Шоирона» аст, ки ҳадаф аз роҳандозии он тарғиби шеъру шоирӣ ва ҷалб кардани наврасон ба шеърхонӣ ва ба ин восита, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватанпарвариву инсондӯстӣ мебошад», — афзуд директори муассиса.
Ба иттилои Носир Саидов, давоми соли равон дар Телевизиони «Сафина» банаворгирии филмҳои телевизионии бисёрсериягӣ шурӯъ гардида, барои таҳия ва пахши барномаҳо дар жанри ҳаҷву мазҳака банақшагирии як зумра корҳо ба анҷом расидаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






