Китобдорони ҷумҳурӣ Паёми Пешвои миллатро барномаи комили пешрафти ҳаёти ҷомеа ва таҳкурсии боэътимоди рушди устувор медонанд

Январь 5, 2018 11:06

ДУШАНБЕ, 05.01.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш бори дигар бо муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоотии Китобхонаи миллӣ хабар доданд.

Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода роҷеъ ба муҳимтарин бахшҳои Паём  ибрози назар намуда, аз ҷумла, гуфт, ки “мардуми шарифи Тоҷикистон ба анъанаи солҳо роиҷи Паёми Пешвои миллат одат кардаанд ва дар поёни ҳар сол мунтазир мешаванд, ки Пешвои миллат чӣ тарҳҳои наверо барои соли оянда пешниҳод мекунанд. Паём барномаи комили рушди ҷомеаи мадании ҷумҳурӣ, тавсеаи  иқтисод, камолоти фарҳангу тамаддуни кишвар ва тарҳи шоистаи муносибат бо олами хориҷ ва бархӯрд бо чолишҳои минтақавиву  ҷаҳонист”.

Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин иброз дошт, ки “Наврӯзи имсола оғози ташаббуси нави ҷаҳонии мамлакат бо номи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 аст. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Тоҷикистон бо вуҷуди он ки ватани обҳои ширин аст ва мушкили об камтар дорад, вале бо дарки масъулият пеши аҳли башар мушкилоти об дар ояндаи наздикро дарк мекунад ва ташаббускори чандин иқдомоти байналмилалӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба об аст. Имсол ҳамчунин Тоҷикистон мизбони ҷаласаи сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай хоҳад буд”.

Ба андешаи профессор Абдусалом Мирализода, як бахши муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат ба рушди фарҳанг равона гардида буд. Президенти муҳтарам иброз доштанд, ки «тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд».

Пешвои миллат мақсаду вазифаҳои фарҳангро дар ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебинанд. Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки дар ин даҳ соли гузашта Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди фарҳанги мамлакат корҳои азимеро ба сомон расонд ва бунёди  Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллиро аз ҷумлаи ҳамин корҳои азим ҳисобида, ёдрас шуданд, ки дар ин муддат ду театри академӣ аз таъмир бароварда шудаву ҳоло дар мамлакат зиёда аз 20 театр ва қасру марказҳои муосиру муҷаҳҳази фарҳангӣ ба истифода дода шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём масъалаи рушди сайёҳӣ дар мамлакатро ҷиддан ба миён гузоштанд. Тоҷикистон кишварест, ки зарфиятҳои истифоданашудаи ҷаҳонгардӣ дорад. Манзараҳои дилрабо, табиати дилкаш, обҳои шифобахшу чашмаҳои равон, кӯҳҳои азиму ёдгориҳои бостониаш, бешак, муҷиби ҷалби ҷаҳонгардон аст ва зарур аст, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад.  Ҳамасола барои тараққии ин соҳа барномаҳои зиёде амалӣ мешаванд ва бо мақсади рушди соҳа Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

Дар идомаи ҳамоиш кормандони Китобхонаи миллӣ сухан гуфта, Паёми Пешвои миллатро ояндасоз, барномаи комили пешрафти ҳаёти ҷомеа ва таҳкурсии боэътимоди  рушди устувор номиданд.

 

 

Январь 5, 2018 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид