Маҷмӯаи осори Аскар Ҳаким дар 7 ҷилд ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 02.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Маҷмӯаи осор»—и Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, мунаққид ва адабиётшинос Аскар Ҳаким дар 7 ҷилд аз чоп баромад.
Китоби мазкур бо дастгирии раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ нашр шудааст.
Ҷилдҳои якум ва дуюми маҷмӯа фарогири мунтахаби шеъру достон ва манзумаҳои муаллиф мебошанд. Ҷилдҳои сеюм ва чорум таҳқиқҳо ва мақолаҳои илмии Аскар Ҳакимро дар бар мегиранд, ки барои адабиётшиносон бисёр муфиданд.
Дар ҷилди панҷуми мунтахаб мақола, портрет ва мусоҳибаҳои муаллиф гирдоварӣ шудаанд. Дар ин ҷилд хонанда метавонад бо рӯзгору осор ва мавқеи адибон Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон шинос шавад.
Тарҷумаи «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте, шеърҳои М. Лермонтов, Расул Ғамзатов ва дигар осори назмиву насрии адабиёти ҷаҳон, ки ба қалами Аскар Ҳаким тааллуқ доранд, дар ҷилди шашуми мунтахаб гирдоварӣ шудаанд.
Ҷилди ҳафтуми китоб «Гуфтор дар бораи худ» ном дошта, хотироти муаллиф ва силсилаи мақолаҳои муҳаққиқонро доир ба рӯзгор ва осори Аскар Ҳаким фаро гирифтааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






