Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина барои кӯдакони гирифтори бемории сил синфхонаи дарсӣ кушод
ДУШАНБЕ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи ҲОУП дар шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина барои кӯдакони гирифтори бемории сил гӯшаи дарсӣ боз карда шуд.
Дар ин гӯша тамоми шароит фароҳам оварда шуда, он бо ашёи дарсӣ ва бозичаҳои кӯдакона таъмин гардидааст.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина Фирӯз Шарипов иттилоъ дод, ҳоло дар шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона барои табобат шароити хуб фароҳам оварда шуда, бо мақсади баланд бардоштани неруи зеҳнии онҳо синфхонаи дарсӣ боз карда шуд.
Зикр шуд, ки дар Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина 2 шуъба фаъолият дошта, шуъбаи сили устухони кӯдакона аз 10 кати хоб ва шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона аз 20 кати хоб иборат аст.
Ҳоло дар шуъбаи мазкур 15 нафар кӯдакони гирифтори бемории сили устухон ба табобат фаро гирифта шудаанд.










ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






