Масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷӣ ва инъикоси он дар Паёми Пешвои миллат

Январь 8, 2018 14:59

ДУШАНБЕ, 08.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Пешвои миллат вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонро мавриди таҳлил қарор дода, бори дигар дурустии роҳи интихобкардаи давлати моро дар асоси татбиқи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ зикр намуданд.

Ҳамзамон Пешвои миллат дурустӣ, воқеӣ ва судовар будани сиёсати «дарҳои боз»-ро, ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир мебошад, таъкид карданд. Сиёсати мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат дар самти сиёсати хориҷӣ роҳнамоӣ шудааст. Имрӯз ин сиёсат тавонист, ки доираи шарикони стратегиро афзоиш дода, барои таъмини фаъолнокии мамлакат дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати «дарҳои боз»-ро идома медиҳад ва доираи ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ рушду тақвият мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди Паёми навбатии худ ба якчанд самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ диққати махсус доданд, ки минбаъд дар сиёсати байналмилалии давлат  мақоми хосро ташкил медиҳанд.

Якум, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Дар сиёсати хориҷии мамлакати мо таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мавқеи стратегӣ дорад. Пешвои миллат 26 декабри соли 2017 дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Мувофиқи принсипҳои созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди мазкурро соли 2018 ба зимма гирифтааст. Чунонки Пешвои миллат зикр намуданд, «…мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо соли оянда дар Тоҷикистон аз муҳимтарин чорабиниҳои раёсати мо арзёбӣ мегардад…». Ҳамчунин масъалаи дигаре, ки аъзои иттиҳодро нигарон кардааст, ин авҷ гирифтани ноамниҳои шадид дар баъзе минтақаҳои Афғонистон мебошад. Аз ин рӯ, кишварҳои узви Иттиҳод ва минтақаи Осиёи Марказӣ метавонанд ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният густариш бахшида, якҷо бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоянд. Ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дуюм,  тавре маълум аст, аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул гардид. Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028 расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, ҷумҳурии мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Баргузории барномаи мазкур дар мамлакати мо, пеш аз ҳама, имиҷи мусбати Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати  ташаббускору башардӯст муаррифӣ менамояд. Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва мутахассисони самти мазкур иштироку суханронӣ хоҳанд кард. Ва ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки имрӯз ба яке аз соҳаҳои бисёр муҳими рушдёбандаи давлат- соҳаи сайёҳӣ таъсири мусбат расонида шавад. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд, ки ҷумҳурии мо метавонад дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии мардумиро ташвиқу тарғиб намояд.

Сеюм, Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз дар минтақаи Осиё мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Тоҷикистон дар робита ба созмони мазкур барои рушди давлат дар доираи соҳаҳои гуногун фаъолият дорад. Соли 2018 ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор хоҳад гашт, ки он аз ҷониби Пешвои миллат хеле муҳим арзёбӣ гардид. Вақтҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиҳо торафт паҳн шуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардаанд. Махсусан, терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез дар баъзе кишварҳои узви созмони мазкур ба вуқӯъ пайваста истодаанд. Бинобар ин аъзои созмони мазкурро зарур меояд, ки ҳамкории густурдаро ба роҳ монда, барои таъмини амнияту суботи аъзои худ чораҷӯӣ намоянд.

Чорум, давлати мо, ки дар минтақаи Осиё қарор дорад, муносибат бо кишварҳои асосии Осиё ҳадафи созандаи Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз ҳамкории гуногунҷанбаи мамлакати мо бо давлатҳои асосии Осиё, мисли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра дар сиёсати хориҷӣ мақоми авлавиятнок ба ҳисоб меравад. Мо имрӯз бо аксари ин давлатҳо дар доираи ҳамкории сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву илмӣ як зумра қарордоду шартномаҳоро ба имзо расонидаем. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, мо минбаъд низ бо ҳамаи давлатҳои Осиё ҳамкориро дар чунин рӯҳияи созанда идома хоҳем дод.

Панҷум, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама вақт кӯшиш менамояд, ки ҳамкории беғаразонаро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи амниятиву сиёсӣ ба роҳ монад. Махсусан, суханронӣ ва таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои чорабиниҳои бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ худ гувоҳи он аст, ки мамлакати мо ҳамарӯза хостори барқарор шудани сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. Дар доираи ин Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро бештар афзоиш диҳанд. Барқарор шудани сулҳу оромӣ дар ин давлат на ин ки барои минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои кишварҳои минтақаи Аврупову Амрико низ хеле муҳим мебошад.

Шашум, Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкории судмандро бо давлатҳои Аврупо ва Амрико минбаъд низ тақвият диҳад. Имрӯз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин давлатҳо рушд ёфта, дар самти дуҷониба ва бисёрҷониба чандин шартномаҳои байниҳукумативу байнипарлумонӣ амалӣ гардида истодаанд.

Боиси зикр аст, ки ҷумҳурии мо бо ИМА ва баъзе мамлакатҳои Аврупо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ робитаҳои иқтисодиву амниятӣ ва илмиву фарҳангӣ ба роҳ мондааст. Тибқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии мо минбаъд низ бо ин давлатҳо робитаҳои гуногунҷанбаро дар асоси татбиқи манфиатҳои мутақобилан судманд инкишоф медиҳад ва ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ диққат дода, ҳамкории дарозмуддатро густаришу инкишоф хоҳад дод. Ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чӣ бештар ҳамкории илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худро бо давлатҳои минтақаи мазкур тақвият бахшида, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои энергетика ва ҷалби мутахассисони баландихтисосро ба соҳаҳои низоми бонкӣ ва маориф ба роҳ мемонад.

Ҳафтум. Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ таъкид намуданд, ин фаъол намудани муносибат ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷануби Африқо ва Амрикои Лотинӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии мо метавонад, дар бахшҳои мухталифи рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, монанди Ҷумҳурии Фелеративии Бразилия, Ҷумҳурии Аргентина, Перу, Чили ва ғайра ҳамкориро густариш дода, намоядагии худро дар давлатҳои мазкур ифтитоҳ намояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдорро зарур меояд, ки бо ин кишварҳо ҳарчӣ зудтар ҳамкории техникиро барои сохтмони неругоҳҳои бодӣ, коркарди ашёи хом ва сарватҳои зеризаминӣ ба роҳ монад.

Ҳаштум. Рушди дипломатияи иқтисодӣ яке аз самтҳои дигари афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Паёми Пешвои миллат ба самти мазкур диққати ҷиддӣ дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ шаклу усулҳои нави дипломатияи иқтисодиро коркард ва бозомӯзӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллию давлатӣ аз ин навъи дипломатия ба таври комил истифода менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ «Стратегияи миллии рушд барои то давраи соли 2030»-ро қабул кардааст. Дар доираи стратегияи мазкур барои иҷрои барнома ва лоиҳаҳои муҳим Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки ҳарчӣ бештар бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ  ҳамкориро рушду тақвият диҳанд.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосиии сиёсати хориҷии мамлакатро матраҳ ва дар навбати худ фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва умуман, ҷомеаи моро барои як марҳалаи томи оянда муайян намуд. Иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои дар он зикршуда ба рушди устувори мамлакат ва фардои дурахшони кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

 

Табассум АЗИМЗОДА, мутахассиси пешбари

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Январь 8, 2018 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СММ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурдан бо гармои шадид даъват намуд
Аз 27 июл то 1 август дар Тоҷикистон чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд