МЕРОСИ ПАДАР ХОҲӢ – КАСБИ ПАДАР ОМӮЗ! Вақти он расидааст, ки чанги асрҳоро аз рӯи маҳсули ҳунарҳои мардумии худ, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, тоза кунем ва онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем

Январь 30, 2018 12:18

ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳазораи нав, асри XXI ва замони муосир, ки мо дар он қарор дорем, даврони бедории қавму миллатҳо, эҳёи тамаддунҳо, гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангу фарҳангдорӣ аст. Мардумон ба аслу решаи худ бармегарданд, гузаштаи худро бозҷӯйӣ мекунанд, то аз диди имрӯз асолати гузаштаи худро ба даст оварда бошанд:

Сайқалгари оинаи таҷдид қадим аст,

Натвон ба навӣ ғофил аз сози куҳан рафт.

(Бедил)

Худшиносии миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ҳамон вақт ба зинаи баланди худ мерасад, ки агар мардум дар фикри шинохти таърихи тамаддун, санъат, забону адабиёт, ҳунар ва ёдгориҳое, ки дар тӯли таърих ба вуҷуд омада, ҳифз шуда, ба мо расидаанд, бошанд ва барои нигаҳдории онҳо иқдомоти зарурӣ бикунанд. Решаи ниҳоли андешаи хештаншиносӣ маҳз дар марзи фарҳанги миллӣ сабзиш ёфта, нумӯъ мекунад. Рӯ ба андешаи хештаншиносӣ овардан, яъне асли худро бозҷӯӣ кардан аст:

Эй хуш он қавме, ки ҷони ӯ тапид,

Аз гили худ хешро боз офарид.

(Аллома Иқбол)

Ҳар халқу миллатеро фарҳанги ӯ ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолият 26 сол аст, ки мардуми куҳанфарҳангу куҳанбунёду куҳаннажоду фарҳангдору тамаддунофари тоҷик фарҳанги хешро бо сари баланд ба тамаддунҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ доранд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарварони Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Турманистон, Эрон ва Афғонистон дар СММ пешниҳод гардидани ҷашни Наврӯзи тоҷикон ҳамчун ҷашни умумибашарии баҳору меҳнат ва пайванди тамаддунҳо худ гувоҳи он аст, ки тоҷиконро ҷаҳониён бори дигар ҳамчун як мардуму миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуну дорои фарҳангу маданияти воло шинохтанд. Эҳёи Сада ва Меҳргон ҳам аз иқдомоти бузурги тоҷикон аст, ки барои муаррифии анъанаҳои миллиамон мусоидат мекунад.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳам дар ростои худшиносию худогоҳии таърихию фарҳангию ҳунарии мардуми тоҷик мусоидат мекунад. Аз ҷумла, дар Паём чунин таъкид намуданд: “Фарҳанг гаронбаҳотарин мероси миллат аст. Ва вақти он расидааст, ки тамоми миллат, аз хурд то бузург, бори дигар аз буда беш ба фарҳангу маданияти милливу аҷдодии хеш эҳтиром намуда, барои ҳифзу пойдорӣ ва аз нав эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, шаҳрдориву кишвардорӣ ва фарҳангу фарҳангдорӣ камари ҳиммат бубанданд. Моро зарур аст, ки ба қадри ҳар як ваҷаб хоки поки ин Модар-Ватан бирасем, ёдгориҳои таърихии худро ҳифз ва посдорӣ кунем ва касбу ҳунарҳои асили мардумиамонро аз нав эҳё намоем. Ҷаҳониён аз азал моро тавассути таърихи басо қадимӣ ва фарҳанги зарринамон мешиносанд, ки ин неъмати бебаҳост. Пас, бояд аз ҳозир ба қадри ин неъматҳои моддӣ ва маънавӣ бирасем. Сарзамини тоҷикон ҷаннати рӯйи замин аст, пас бояд мо имрӯз бо тамоми шоистагиаш ин марзи биҳиштии хешро ба тамаддунҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем”.

Воқеан рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои хеле муҳим ба шумор меравад. Пешравии соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон яке аз соҳаҳои бағоят муҳиме мебошад, ки он ҳам метавонад ба буҷаи давлат  маблағ ворид кунад ва ҳам метавонад фарҳангу маданияти қадимаи моро ба ҷаҳониён, яъне ба сайёҳону сармоядорону сармоягузорони хориҷӣ муаррифӣ ва ошно намояд. Бисёре аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла, кишварҳои аврупоии Франсия, Италия, Испаниё, Юнон, Англия, Германия, Швейтсария, Туркия, кишвари аврупоии шарқии Россия, мамолики Араб, кишварҳои Шарқ ва Осиёӣ, Чин, Малайзия, Сингапур, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Австралия, Америкаи Лотинӣ ва Шимолӣ аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ ва туризм хеле тараққӣ кардаанд.

Пешниҳоди хирадмандонаи Пешвои миллатамон моро бедор  ва вазифадор мекунад, ки ба ҷаҳониён фарҳангу маданияти мардум ва мамлакати офтобии худро бо тамоми шоистагиаш муаррифӣ намоем. Тоҷикистони азизи мо барои рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми имкониятҳоро доро мебошад. Кӯҳҳои осмонбӯсу пурбарор, рӯду чашмаҳои обашон поку гуворо, обҳои шифобахш, манзараҳои дилфиреб, ҳайвоноту парандагони нодир, садҳо намуд меваҷоту сабзавоти болаззат, кӯлу дарёҳои кӯҳии зебо, ёдгориҳои таърихии зебои вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашту Ҳисор имконият ва заминаҳои хуби худододаанд барои рушди соҳаи сайёҳӣ.

Дар баробари соҳаи сайёҳӣ рушду нумӯ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ яке аз соҳаҳои хуби пешрафти ҷомеа ва инкишофи саноати хурди маҳаллӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидани мардум, болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва беҳбудии вазъи моддӣ ва маънавии ҳар хонадон мебошад. Дар гузашта бештари мардуми мо аҳли касбу ҳунарҳои гуногун буданд ва бо касбу ҳунарҳояшон дар байни мардуми хеш ва хориҷ аз он шуҳрат ва обрӯ доштанд. Аз қадимулайём мо, тоҷиконро ҷаҳониён аз рӯйи фарҳанги пешрафта, касбу ҳунарҳои нодири мардумӣ, фарҳанги баланди шаҳрдориву шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, боғдорӣ,  чорводорӣ, тамаддунсозӣ, китобу китобдорӣ, илму маърифат, ахлоқу адаб ва маданияти пешрафта,  меҳмоннавозиву чеҳраи кушоду донишмандиву  порсоӣ ва асилзодагӣ шинохтаанду мешиносанд. Дастурот ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ба он водор месозанд, ки дар баробари саноати вазнини муосир ба ҳама гуна касбу ҳунарҳои дастии мардумӣ умри дубора бахшем.

Пешниҳодҳову дархостҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор ба он мекунанд, ки баробари тамаддунҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир қадам зада, бо донишу малакаи хуб ва касбу ҳунари хеш аз диди имрӯз ба гузаштаи аслу нажоду пайванди хеш назар карда, барои муаррифии фарҳангу ҳунари хеш ба ҷаҳони имрӯз ва эҳёи ҷумла касбу ҳунарҳои асили ниёии хеш камари ҳиммат бубандем.

Агар кас танҳо оид ба ягон халқу миллат андеша биронад, хоҳу нохоҳ дар бораи забону фарҳанги он миллат, одобу русуми суннатии он фикру андеша мекунад ва намояндагии он миллатро бо либосҳои миллиаш хаёлан пеши назар меоварад.

Масалан, мардуми ҷаҳон аҳли кишвари Панамаро бо кулоҳи бузурги мардумаш, ки «панама» ном дорад, мешиносанд. Мардуми қарақалпоқ, қирғиз ва қазоқро бо кулоҳи намадии сиёҳ ва сиёҳу сафедашон мешиносанд. Вақте дар бораи туркманҳо ва баъзе аз ақвоми қафқозӣ андеша мекунед, хоҳу нохоҳ он кулоҳи пашмигӯсфандии туркманиву қафқозӣ пеши назар меояд. Бинобар ин, либоси миллӣ этикет ва таҷассумкунандаву нишондиҳандаи миллат ва суннатҳои миллианд.

Аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бештар ҷумҳурии Туркманистон ба тарзи пӯшидани либоси миллии туркманӣ иқдом кардаанд. Ва пӯшидани либоси миллӣ ва эҳтироми либоси миллӣ дар ин кишвари бо мо дӯсту ҳамсоя характери оммавӣ касб кардааст.

Мардуми тоҷик ҳам дорои даҳҳо намуд либосҳои миллие мебошанд, ки ҳазорсолаҳо инҷониб тавассути ин либосҳои миллии аҷдодӣ моро ҷаҳониён ҳамчун тоҷик мешиносанд. Ин аст, ки мо бояд ба либосҳои миллии худ  эҳтиром гузошта, барои аз нав эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва дӯхтану тайёр намудани либосҳои миллӣ камари ҳиммат бандем, то суннатҳои дӯхтани либосҳои миллиамон ба коми фаромӯшӣ нараванд.

Касбу ҳунарҳои мардумии тоқидӯзӣ, кулоҳдӯзӣ (чӣ мардона ва чӣ занона), камзӯлча, чаканҳо, ҷелак, куртаҳои қадимии мардонаву занона, куртаи чакани хатлонӣ, куртаҳои зебои мардонаву занонаи хатлонӣ, помирӣ, яғнобӣ, ҳисорӣ, фарғонӣ, раштӣ, дарвозӣ, ванҷӣ, варзобӣ ва ғайра, гулдӯзиҳо, сӯзаниҳо, гилему намади тоҷикӣ, қолинҳои тоҷикӣ, кӯрпаву кӯрпача, болишту лӯлаболишҳои тоҷикӣ ва тамоми навъҳои ҳунарҳои мардумии дӯзандагии тоҷикиро эҳё ва ривоҷ мебояд.

Вақти он расидааст, ки дарҳои осиёбҳои бобоии ордкунии ғалла, маҳсулоти ғалладона ва ҷувозхонаҳои қакдимаи  равғанкаширо боз намуда, чангу ғубори асрҳоро аз дару девори онҳо тоза намоем ва  онҳоро гардон карда, ба намоиши сайёҳон гузорем. Мутаассифона, аксарияти осиёбҳо, чиндунҳо (сехи оҳангудозӣ) ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба ҳукми фаромӯшӣ рафтаанд. Дар ин коргоҳҳо садҳо асбоб буд ва ҳамаи онҳо ном доштанд, ки  бо калимаю ибораҳои хос  ифода мешуд. Акнун аксарияти он калимаҳо аз байн рафтаанд.

Ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳони муосир ниёз ба маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ ва чизи аслӣ, яъне ашёву маҳсулоти аслӣ доранд. Истеҳсоли маводи ғизоӣ ва нӯшокию меваҷоти пур аз маводи сунъии кимиёӣ башарро мариз кардааст ва ҳамагон ниёз ба маҳсулоти  пок доранд. Мо, тоҷикон, аз қадим суннатҳои хуб ва ҳунари хуби тайёр намудани навъҳои гуногуни шириниҳо, ба монанди набот, қандалот, печак, ҳалво, шириниҳои гуногуни аз шакару ҷуворимакка тайёршуда, хамирҳалво, нишолло, кулчақанд ва ғайра дорем. Вақти он расидааст, ки мо ин ҳунарҳои аҷдодии хешро истеҳсол намуда, онро ба истеъмолкунандагон пешкаш намоем.

Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ки асоси рушди сайёҳии давлат аст, вазифаи имониву виҷдонии мост. Ҳар як хиште, ки аз ёдгориҳои таърихӣ дар каноре уфтодааст, сафҳаи таърихи ниёгону гузаштагони мо тоҷиконанд. Моро зарур аст, ки тарзи сохтани биноҳои аҷдодиро омӯзем. То имрӯз қалъаву деҳаҳои қадима ва ёдгориҳои меъмории таърихии мо, ки дар тамоми паҳнои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистони имрӯза ба назар мерасанду аз тасодуфи таърихӣ то ба мо омада расидаанд, чаро онҳо ба замин яксон нашуда, маҳкаму устувор боқӣ мондаанд? Чаро он рангу бори қасру кӯшкҳо ва биноҳои қадимаи тоҷикӣ то имрӯз нигоҳ дошта шудаанд, ин чӣ сиррею чи технологияе аст?! Вакти он расида, ки асрори ҳунарҳои волои гузаштагони хешро пайдо кунем.

Наҷоти миллат фарҳанг аст. Илму дониш, малака ва ҳунару истеъдоди гузаштагон ҳам ифтихори мо ва ҳам наҷотбахши мову сарбаландии мост. Ва беҳуда нагуфтаанд, ки « Мероси падар  хоҳӣ —   касби падар омӯз».

Дар андӯхтани илму дониш низ моро зарур аст, ки аз хурд то бузург илму дониши олимон, донишмандон ва мутафаккирони гузаштаи хешро, ки дар ҳар аср зиёда аз сад нафар нобиға  ба оламиён додаанд,  пурра фаро гирем ва  бидонем, ки ҷадди мо кист ва  худи мо кӣ ҳастем.

Пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвову раҳнамои миллат дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани  соли 2018 як нидоест, ки миллатро бедор мекунад ҳушдор медиҳад, ки вақти эҳёи нав даррасидааст ва моро зарур аст куллан аз нав эҳё шавем. Асли худро бештар шиносему донем, ки мо кистем ва рисолати мо, тоҷикон дар ин ҷаҳони муосир чист ва чӣ гуна хоҳад буд.

Барои ба ин мақсадҳои нек расидан, ба мо ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ягонагӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги гузашта зарур буда, аз диди имрӯз баҳо додан ба гузашта, эҳтиром ба Модар-Ватан, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, нигоҳдории асолати миллии тоҷикӣ, аз нав эҳё намудани тамоми анвои ҳунарҳои мардумӣ, илму дониши хуб метавонад моро пеш барад ва мавқеи тоҷиконро дар  арсаи тамаддуни ҷаҳони муосир муайян кунад.

Сайёҳон одатан дӯст медоранд чизеро бубинанд, ки дар ҳеҷ куҷое надида бошанд ва чизеро барои худ бихаранд ва ё барои туҳфаи дӯстонашон ва аҳли хонадонашон бибаранд ва низ туҳфае гиранд, ки дар дигар ҷойҳо наёфта бошанд. Шукр, ки Тоҷикистони мо ҷойҳои нодир ва мавзеъҳои ёдгориҳои нодире дорад, ки дар дигар кишварҳо назири онҳоро пайдо кардан амри муҳол аст ва мардуми мо ҳунарҳои мардумие доранд, ки маҳсули онро на дар ҳар ҷо дидан мумкин аст.

Сарзамини куҳанбунёди мо ва мардуми фарҳангдору фарҳангпарвари тоҷик тамоми заминаю имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳонро ба ҷумҳурии офтобии хеш доранд. Моро баҳри ободии Ватан — Тоҷикистони азиз ва мақому ҷойгоҳи он дар байни тамаддунҳои ҷаҳони муосир эҳёи нави пурғурури воқеан тоҷикии ободкорона, ватандӯстона ва амалҳои хайри муташаккилона мебояд.

    Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,

директори Институти забон ва

адабиёти ба номи Абӯабдулло

 Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бурҳониддин БУЗУРГМЕҲР,

ходими калони илмии институти мазкур

 

 

Январь 30, 2018 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад