МИНБАЪД ҚӮРҒОНТЕППА БОХТАР, САРБАНД – ЛЕВАКАНТ, БОХТАР – КӮШОНИЁН НОМ БУРДА МЕШАВАНД. Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон

Январь 22, 2018 18:07

ДУШАНБЕ, 22.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. 20 январи соли 2018 мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд.

Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

 

 

Январь 22, 2018 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Cарони давлатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух ниҳоли дӯстӣ шинониданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идора таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд