Муаррифии ҳунарҳои мардумии ширкатҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москва
ДУШАНБЕ, 20.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 январи соли 2018 дар шаҳри Москва Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори шарқ» оғоз гардид, ки дар он ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо пешниҳоди намунаҳои гуногуни маҳсулот иштирок доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯзи аввали намоишгоҳ намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок карда, ҷиҳати дастгирии ширкатҳои ватанӣ иқдом намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ширкати “Etnos Borld” бо навъҳои гуногуни ашъёи баландсифати сангину кордҳои нодир ва бренди “Buta”-и Нигора Насимова бо зиёда аз 20 номгӯи маҳсулоти рӯзгор аз атласу адрас, инчунин мағозаи “туҳфаҳои аҷоиб”-и шаҳри Душанбе, дар ҳамоиши байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.
Намоишгоҳи мазкур муддати як ҳафта ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Москва имконият медиҳад, то онҳо бо ҳунарҳои мардумии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистони куҳантаърих аз наздик ошно гардида, ҳамзамон молу маҳсулоти писандиадашонро харидорӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ҷиҳати рушду равнақ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти махсус медиҳад. Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Иштироки ҳунармандони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Москваро низ дар ин самт яке аз иқдомҳои зарурӣ ва саривақтӣ метавон арзёбӣ кард.


















Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад






