Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бонки Авруосёгии Рушд Андрей Белянинов

Январь 29, 2018 17:52

ДУШАНБЕ, 29.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бонки Авруосёгии Рушд Андрей Белянинов мулоқот кард. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, саноат, роҳу нақлиёт, сармоягузориву хизматрасонии бонкӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Дар маҷмуъ ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Авруосёгии Рушд дар бахшҳои афзалиятнок хуб арзёбӣ гардид ва барои тақвияти бештари ин ҳамкориҳо изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо минбаъд андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои судманд, пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳоро муҳим шумориданд.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияту захираҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи паррандапарварӣ, сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра фароҳам буда, афзалиятдиҳӣ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мазкур барои ҳарду ҷониб манфиатбахш хоҳад буд.

Январь 29, 2018 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд