Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Январь 29, 2018 15:56

ДУШАНБЕ, 29.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи китоб ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба озмун китобдорони китобхонаҳои шахсӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо даъват карда мешаванд.

Ҳадафи озмун баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеаи муосир, рушди соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ, ҳавасманд гардонидани китобдорону китобхонаҳо ва кормандони он мебошад.
Озмун дар се бахш- «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» гузаронида шуда, натиҷаи он дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ, ки дар Рӯзи китоб- 4 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, эълон карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро аз 25 январи соли 2018 то 31 июли соли 2018 ба Кумитаи тадорукоти озмун супоранд.
Иштирокчиёни озмун метавонанд ҳуҷҷатҳои худро бо нишондоди ному насаб, вазифа доир ба номинатсияи озмун то 31.07.2018 тариқи факс 2222138, 2222133, почтаи электронии gptb.tj@mail.ru, ё ин ки бо нишонии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, 734042, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14а, бинои 2, ирсол намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 917232816, 919795424, 900156070

 

 

Январь 29, 2018 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад