Президенти Тоҷикистон: «Таҷрибаи давлатҳои рушдёфта дар соҳаи бонкдорӣ ҳаматарафа таҳлил гардида, дар низоми бонкӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад»

Январь 26, 2018 16:24

ДУШАНБЕ, 26.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII Шӯро баргузор гардид.

Яке аз масъалаҳое, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд, натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала зикр намуданд, ки дар зарфи ду — се соли охир аз меъёр зиёд шудани қарзҳои ғайрифаъол, мушкилоти пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ, татбиқи нопурраи принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, рушд накардани бозори қарзии байнибонкӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии низоми бонкӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ оид ба ин масъала ба Ҳукумати мамлакат супоришҳои зарурӣ дода шуданд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки таҷрибаи давлатҳои рушдёфта дар соҳаи бонкдорӣ ҳаматарафа таҳлил гардида, дар низоми бонкӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо мақсади баланд намудани эътимоди аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор Бонки миллӣ якҷо бо бонкҳои ҷумҳурӣ бояд механизми суғуртаи пасандоз ва амонатҳои низоми бонкиро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мувофиқаи Ҳукумати мамлакат ҷорӣ намояд.

Ҳамчунин Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки яке аз омилҳое,  ки ба рушди низоми бонкии ҷумҳурӣ монеъ шуда истодааст, дар ҳолати номуайянӣ қарор доштани амонатгузорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ мебошад.

«Барои бартараф намудани ҳолати мазкур муқаррар намудани низоми ягонаи назорати идоракунии корпоративӣ барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ муҳим мебошад»,-иброз доштанд Президенти ҷумҳурӣ.

Ҳамзамон  Пешвои миллат зарур шумориданд, ки сатҳи касбияти кормандони соҳаи бонк баланд бардошта шуда, барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти фаъолияти бонкдорӣ такмил дода шаванд.

«Вобаста ба ин, ба Бонки миллӣ ва Вазорати молия супориш дода мешавад, ки ҷараёни ҷорӣ намудани идоракунии корпоративиро дар низоми молияву қарз тақвият дода, механизми шаффофияти фаъолияти бонкҳо ва баланд бардоштани эътимод ба онҳоро татбиқ намоянд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  супориш доданд, ки Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба фишангҳои пуливу қарзӣ ва баланд бардоштани бозоргирии коғазҳои қиматноки давлатӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд, то ҷараёни сармоягузорӣ дар мамлакат тавассути биржаи фондӣ фаъол гардонида шавад.

 

Январь 26, 2018 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст