Саъдӣ Маҳдӣ дар бораи воқеаи нангине, ки дар Афғонистон рух дод: «Сангсор намудани шахс дар асри 21 ҷаҳолати асримиёнагист!»

Январь 23, 2018 13:32

ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз қабл дар баъзе сомонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сангсор шудани марде мутаҳҳам ба зино дар мазҳари ом ба намоиш гузошта шуд, ки ҷомеаи мутамаддинро сахт такон дод. Баъди ба дор овехтани Саддом Ҳусейн ва духтари ҷавоне, ки ба ҷурми хонда тавонистани хат (гӯё ҷодугар бошад) дар Афғонистон мавриди латту кӯби гурӯҳе қарор гирифта, кушта шуд, ин ҳодисаи дигарест, ки мардум даст ба гиребон гирифтаву тавба карданд, ки дар асри 21 ҳоло ҳам чунин ваҳшоният побарҷост. Боиси нигаронист, ки ин ҳодисаи нангин дар ҳамсоягии мо рух додааст. Дар ин бора  яке аз рӯзноманигорони маъруфи мо, декани факултети журналистикаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   Саъдӣ Маҳдӣ чунин нигоштааст:

 Шармандагӣ дар асри 21

Ҳайфи чунин мусалмонӣ, ҳайфи чунин инсонӣ. Агар Худо барои гунаҳкор дӯзах ваъда карда бошад, пас чаро инҳо санг меандозанд? Маълум, ки ба биҳишту дӯзах бовар надоранд, пас мусалмон нестанд. Боз инсонакҳое ин ҷо (дар шабакаи иҷтимоӣ) амали ин палидонро шарҳу эзоҳ медиҳанд. Ҳайфатон! Чашм кушоед, ин дар ҳамсоягии мо дар асри 21 шуда истодааст. Ин марҳиларо дини масеҳӣ кайҳо пушти сар карда буд. Исои масеҳ (с) он занеро, ки мехостанд сангсораш кунанд, бо як ҷумла дифоъ кард: «Касе бегуноҳ аст, санги якумро бигузор ӯ андозад». Ва ҳама пароканда шуданд.

Дар Қуръон 6 маротиба вожаи сангсор омадааст, аммо на дар мавриди ҷазо барои зино!

Ва, баръакси ин дар сураи Нур, ояи 4 барои туҳматгарон чунин ҷазо омадааст:

«Ва онон, ки занони парҳезгорро (ба зино) дашном медиҳанд, сипас, чаҳор гувоҳ намеоваранд – онҳоро ҳаштод дурра бизанед ва гувоҳии онҳоро ҳеҷ гоҳ қабул макунед, инҳо ҷамоаи фосиқанд».

Ин аст ҳукми Қуръон, эй ба ноҳақ қозиён:

«Ва аз занони шумо онон, ки зино мекунанд, пас, чаҳор мард аз ҷинси хеш (Яъне: аз мусулмонон) бар онҳо гувоҳ талабед; пас, агар гувоҳӣ доданд, онҳоро дар хонаҳо маҳбус кунед, то он ки марг умри онҳоро тамом кунад ё Худо барои онҳо роҳе муқаррар кунад» (Нисо, ояти 15).  Бинед, ин дақиқан ҳамон ҳукми Исои Масеҳ аст, ки он наҷотёфтаро ҳидоят кард. Яъне, Қуръон бо Исои Масеҳ ҳамнаво аст!

Соли Имоми Аъзам барои чӣ буд?!

Мо дар асоси мазҳаби Имоми Аъзам, ки саросар ҳилму меҳрубониву таҳаммулгароист ва аз куфргӯиву кофирэълонкунӣ танаффур дошт, ин даҳшатҳоро паси сар карда будем. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шуда буд, ки бисёр тадбири саривақтӣ ва зарурӣ буд. Вале афсӯс, ки дар хориҷ ин ҳизбҳои навбаромад ва ин нимчамуллоҳои бесавод  ҳамаро расво карданд. Ҳамаро аз нигоҳи кӯрдилонаи худ мехоҳанд чен кунанд. Ончунон бошасту зарб ҳукм меронанд, ки мегӯӣ аз пеши Худову паямбар омадаанд. Аммо вақте аз Қуръон мепурсед, ягон тасаввурот надоранд. Яъне, аз рӯи гуфтаи кадом нимчамуллое ҳукм ва амал мекунанд.

Шариат барои ҷомеа аст ва онро ҳатман шахсон сохтаанд. Меъёрҳоро низ шахсон мувофиқи диди хеш танзим кардаанд. Ҳар ҷомеа дар ҳар давре ба таври худ. Мисли ба дор овехтану оташ задану сангсор кардану аз болои арк партофтан. Яке дар асоси қавонини китоби осмонӣ, яке дар асоси гуфтаи расул, ки онро ҳадис номидаанд. Ҷомеаҳои мутамаддин бо ҳар роҳе тавонистанд ин мушкилотро пушти сар кунанд. Талош карданд, ки ҳам бар дини худ арҷ гузоранд ва ҳам ваҳшату зулмро ранда кунанд ва чун моли таърих ё хоби бад ба зуволадони таърих партоянд.

Яъне, сари он расидем, ки психологияи ҷомеаро ба назар гирифта, ҳар гуна қонуне бояд бисозем, ки онро обод созад ва аз фаҳшову расвоии мисли дуздиву зино нигаҳ дорад. Оё бад-ин даҳшате, ки дар Афғонистони ҳамсоя рух медиҳад, мо ҷомеаро солим нигаҳ дошта метавонем? Оё руҳан одамоне, ки дар ин маърака ширкат доранд, солиманд? Оё ҷараёни САДИЗМ, ки дар асри 16-и Франсия пайдо шуд, аз ин амали сангсоркунӣ фарқе дорад?

 Ақл ё нақл?

 Оё асоси ислом омӯзиш ва таълим нест? Баъзе нимчамуллоҳо ин ақидаи пучеро сари мо бор кардан мехоҳанд, ки ақл асоси ҳукму қавонин нест, балки нақл асос аст. Ҳамчунин мегӯянд, ки олимони 1000 сол пеш ниҳоят боқувваттар аз ин давра будаанд. Аз онҳо пурсиданием: чаро ақли одами асри навин, ки бо Имо — телефони мобилӣ дар дурии 10 ҳазор км бо дӯсташ мустақим – рӯ ба рӯ суҳбат мекунад, ки авлиё инро орзу мекарданд, ноқис будааст? Муқоиса кунед!

Ман аз он мутаассифам, ки баъзе аз тоҷикони мо барои сафед кардани ин золимон кӯшиш доранд. Мехоҳанд ин воқеаи нангинро ҷомаи исломӣ пӯшонанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ин навор чарх мезанад, ин нафарон чунон боҳарорат гап мезананд ва бо тафаккури пасти хеш муқобилони ин даҳшатро ҳатто ба куфр мутаҳҳам мекунанд. Вале дар ин 2 рӯзи баҳс ҳатто як далел аз Қуръон наовардаанд. Пас ин ҳушдорест ба ҳамаи мардумони ин тарафи Ому ва Панҷ, ки дар асри 21 тафаккури асримиёнагӣ ҳанӯз побарҷост. Ҷаҳолату таассубе, ки Синову Фирдавсиву Носири Хусравро камин гирифта буд, ҳанӯз ҳам дар авҷ аст.

Ҳушёр бояд буд ва  алайҳи  ин ҷаҳолат ва ифротгароӣ мубориза бояд бурд!

Саъдӣ МАҲДӢ,

устоди ДМТ

Январь 23, 2018 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид