Шахсияти 4 нафар кӯдакони тоҷики дар Ироқбуда муайян шуд

Январь 13, 2018 10:23

ДУШАНБЕ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти 4 нафар кӯдакони тоҷикеро, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ нигаҳдорӣ карда мешуданд, муайян карда, тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодааст, то онҳоро ба Тоҷикистон баргардонад. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, Оишаи 16-сола, Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади сесола фарзандони Илҳомиддин Аслонов, сокини шаҳри Душанбе ҳастанд, ки се сол пеш ҳамроҳ бо ҳамсараш аз Москва ба Ироқ рафта будаанд. Ҳоло пайвандони ин кӯдаконро пайдо кардаанд ва талош доранд онҳоро ба ватан баргардонанд. «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон талош дорад дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ин кӯдаконро ба ватан баргардонад. Аллакай санадҳои зарурии онҳо омода шуда, ба намояндагии давлати Ироқ дар Қазоқистон фиристода шудаанд», — зикр намуд ӯ.

Ба гуфтаи пайвандони кӯдакони ёфтшуда, Илҳомиддин Аслонов  бо мақсади кор кардан соли 2006 ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду фарзандаш — Оиша ва Исломҷон ба Москва рафтааст ва баъдан соли 2007 онҳо бо мақсади зиндагӣ ва кор ба давлати Миср рафта, дигар фарзандонашон, аз ҷумла, Фотима, Абдулло ва Муҳаммад дар онҷо ба дунё омадаанд. То  соли 2016 Илҳомиддин Аслонов бо пайвандонаш телефонӣ дар тамос буд ва хоҳараш Гулбаҳор Асланова суратҳои фарзандони бародарашро тавассути Интернет  дида будааст. Дар айни ҳол Гулбаҳор Асланова  аз  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост дорад, то барои баргардонидани ҷиянҳои  ноболиғаш  кумак  намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки симои ин кӯдакон 26 сентябри соли сипаригашта дар шабакаҳои хабарии хориҷӣ намоиш дода шуда буд, аммо сарнавишти волидони онҳо маълум нест.

Январь 13, 2018 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад