Сомнат Гош: «Тоҷикистону Ҳиндустон ҷиҳати густариши шарикии стратегӣ саъю талош менамоянд»

Январь 23, 2018 16:31

ДУШАНБЕ, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соле, ки  анҷом ёфт, аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 25 сол сипарӣ гардид.

Айни замон муносибатҳои  гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ҳиндустонро беш аз  60  санади дуҷонибаи байнидавлатӣ, ки зимни  сафарҳои давлатии роҳбарони баландпояи ҳар ду мамлакат ба давлатҳои ҳамдигар ба имзо расидаанд, ба танзим медароранд. Бояд тазаккур дод, ки тӯли 25 соли барқарории  муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф беш аз пеш тавсеа ёфта, то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст. Доир ба ҳамкории ҳасана ва самарабахши ду давлат хабарнигори  АМИТ «Ховар» бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сомнат Гош суҳбат анҷом дод:

 АМИТ «Ховар»: Ҷаноби Сафир, Шумо ба сатҳи муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои гуногунсоҳаи  ду давлат  –Тоҷикистон ва Ҳиндустон чӣ гуна баҳо медиҳед? 

Сафир: Ҳиндустон ва Тоҷикистонро аз қаъри асрҳо муносибатҳои неки таърихию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин робитаҳо дар шароити кунунӣ, хусусан дар зарфи 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон беш аз пеш густариш ёфтаанд. Сафарҳои расмии роҳбарони ҳар ду мамлакат ба давлатҳои ҳамдигар ва дидору мулоқоти ҳайатҳои сатҳи баланди Тоҷикистону Ҳиндустон аз тавсеаи равобити мутақобилан судманди ду давлат  шаҳодат медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 маротиба аз Ҳиндустон боздид намудаанд. Инчунин роҳбарони баландпояи Ҳиндустон, аз ҷумла, Президент, Ноиби Президент, Сарвазир ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Маҳз бо шарофати таҳкими беш аз пеши робитаҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ҳиндустон муносибатҳои  Тоҷикистону Ҳиндустон ба сатҳи шарикии стратегӣ табдил дода шудаанд. Ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар соҳаҳои рушди иқтисод, захираҳои инсонӣ, мудофиа ва амният, илму фарҳанг ва татбиқи дигар лоиҳаҳои рушд тақвият ёфта, самтҳои мазкур ҳамчун ҷузъи асосии шарикии стратегии Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбанд.  Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Ҳиндустон  дар зарфи  25 соли охир таҳким ёфтанд. Итминони комил дорам, ки  ҳарду давлат ҷиҳати тавсеа ва густариши шарикии стратегӣ саъю талош менамоянд.

 АМИТ «Ховар»: Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон дар кадом сатҳ қарор дорад ва барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ,  хусусан фаъол гардонидани кори  Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистону Ҳиндустон   чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Сафир: Тибқи маълумоти омории Ҳиндустон, мубодилаи мол байни ду давлат дар зарфи ду соли охир — 2016-2017  42 миллион долларро  ташкил дод, ки аз он 22 миллион доллар ба содироти мол аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон рост меояд. Ин рақамҳо аз иқтидори воқеии мавҷуда ва имконоти иқтисодӣ камтар аст, ки  сабаби асосияш набудани роҳи мустақим  байни мамлакатҳоямон мебошад. Дар ин росто,  мо барои ҳалли ин масъала тадбир андешида истодаем. Дар ин замина Ҳиндустон бо кишварҳои минтақа, назири Афғонистон ва Эрон ҷиҳати таъмини роҳи алтернативӣ бо давлатҳои  Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бо Тоҷикистон тавассути бандари Чабаҳар  ҳамкорӣ дорад.

Инчунин барои беҳтар кардани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ тариқи долони нақлиётии байналмилалии Шимолу Ҷануб корҳои муайян анҷом дода истодаем. Ман боварӣ дорам, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани долонҳои мазкур, мо метавонем сатҳи савдои дуҷонибаро баланд бардорем. Ҳамзамон байни ду давлат Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ фаъолият дорад, ки нақши он дар тақвияти ҳамкории дуҷониба ва муайян намудани самтҳои  нави афзалиятноки ҳамкории гуногунсоҳа муҳим аст. Тобистони соли гузашта дар шаҳри Деҳлӣ  бо иштироки ҳайатҳои ҳарду давлат ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар фарҷоми ҷаласа санад ба имзо расид, ки дар он  таклифу пешниҳодҳои наву самарабахш ҷиҳати пешбурди тиҷорат ворид карда шуд. Ҳамзамон чанде пеш ҳайати соҳибкорони Ҳиндустон  ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар ҷаласаи соҳибкории сатҳи баланд ширкат намуданд. Ҳайати соҳибкорони Ҳиндустон бо доираи соҳибкорони тоҷик  ва дигар роҳбарони ниҳодҳои марбутаи  Тоҷикистон мулоқот намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро байни ду кишвар матраҳ намуданд. Боиси хушнудист, ки бархе аз соҳибкорони тоҷик дар ҳамоиш ва намоишгоҳҳои тиҷоратӣ, ки дар Ҳиндустон баргузор мегарданд, иштирок намуда, таҷрибаи ҳамтоёни ҳиндии худро меомӯзанд, бо доираҳои соҳибкории Ҳиндустон ҳамкориро ба роҳ мемонанд ва ҳамзамон барои ошно гардидан ва ифтитоҳи имкониятҳои нави тиҷоратӣ дар бозори бузурги Ҳиндустон мушарраф мегарданд. Ман бар он назарам, ки дар сатҳи ҳукуматҳои ҳар ду давлат бояд барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати  рушди соҳибкорӣ корҳои зарурӣ тақвият дода шаванд. Дар ин самт мо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоем ва боварӣ дорам, ки дар ин замина муваффақ хоҳем шуд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон саҳми чашмрас дорад. Ҳиндустон ба Тоҷикистон асосан  маҳсулоти гӯштӣ, равғани маска,  чой  ва қаҳва, биринҷ,  равғани ҳайвонот, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти хӯрокӣ, маҳсулоти кимиёвӣ,  маҳсулоти фармасевтӣ, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ, мошинҳо ва таҷҳизоти барқӣ, таҷҳизоти оптикӣ, каучук, резина ва маҳсулот аз он, реакторҳо воридот менамояд. Аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон мавод барои саноати доруворӣ  ва дигар маҳсулот содирот мегарданд. Ҳар ду давлат  барои тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратӣ саъю талош менамоянд.  Баргузории намоишгоҳҳои молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Ҳиндустон дар шаҳрҳои Тоҷикистон, вохӯрии доираҳои расмӣ ва соҳибкорони  ҳар ду давлат, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҷалби сармояи Ҳиндустон ба иқтисоди Тоҷикистон  яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад. Саҳми Ҳиндустон дар таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1», фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ғарби Тоҷикистон, бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton» дар Душанбе ва боз чандин иншооти муҳим назаррас аст. Инчунин дар доираи тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон  дар Тоҷикистон корхонаю ширкатҳои муштарак  фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ мондаанд.       

 АМИТ  «Ховар»: Ҷаноби Сафир, то ҷое мусаллам аст, мардумони тоҷику ҳиндро аз қадимулайём робитаҳои неки фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд ва дар шароити кунунӣ барои таҳкими  робитаҳои илмию фарҳангӣ кадом корҳо ба анҷом расонида мешаванд?

Сафир: Воқеан равобити фарҳангии мардумони Тоҷикистону Ҳиндустон решаҳои таърихӣ дошта, аз умқи асрҳо сарчашма гирифтаанд. Тоҷикистону Ҳиндустон дар маҷмӯъ ба анъанаҳои неки дӯстӣ, сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, баробарӣ ва бародарии тамоми халқҳо пайравӣ мекунанд. Ин арзишҳои олӣ  дар фарҳангҳои мо реша давондаанд ва дар ин росто мо фарҳанги якдигарро дӯст медорем. Ҳангоми суҳбат бо бархе аз зиёиёну донишмандон ва фарҳангиёни тоҷик ман шоҳиди он гардидам, ки мардуми тоҷик нисбат ба фарҳанг ва санъати Ҳиндустон,  хусусан филмҳои ҳиндӣ  таваҷҷуҳи хосса доранд. Мо “Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи санъат ва фарҳанг барои солҳои 2016-18”-ро ба имзо расонидем, ки мувофиқи он як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд. Дар доираи таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни ду давлат ҳайати фарҳангии Ҳиндустон моҳи сентябри соли гузашта ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар шаҳри Душанбе  бо барномаи рангини консертӣ ҳунарнамоӣ кард.  Ҳамзамон Сафорати Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Институти омӯзиши кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилачорабиниҳоро баргузор менамояд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни марбут ба илму фарҳанг  матраҳ мегарданд.   Мусаллам аст, ки мардумони тоҷику ҳиндро аз қадимулайём робитаҳои нек ва  муштаракоти анъанавии  таърихию фарҳангӣ бо ҳам мепайванд. Даҳҳо нобиғаҳо, олимону файласуфҳо,  шоирон ва мутафаккирони барҷастаи  тоҷикзабон дар сарзамини Ҳиндустон ба камол расидаю кору эҷод кардаанд, ки мероси бои адабии онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи арзишманд бархӯрдор буда, оромгоҳашон имрӯзҳо зиёратгоҳи аҳли илму адаб гардидааст. Мирзоабдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ,  Зебуниссо   ва боз даҳҳо нобиғаю мутафаккирони барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дар сарзамини шоирпарвари Ҳинд зиндагию   эҷод кардаанд.

Дар ин росто  Сафорати Ҳиндустон моҳи декабри соли сипаригардида дар Душанбе ҳамоишро дар мавзӯи «Мирзоабдулқодири Бедил дар сарзамини тоҷикон» баргузор намуд, ки дар он донишмандони шинохта  роҷеъ ба ҳаёт ва паҳлуҳои эҷодиёти шоир табодули назар карданд. Ҳамзамон Сафорати Ҳиндустон чандин китобҳои донишмандони тоҷикро чоп намуд. Санъаткорони тоҷик дар Ҷашнвораи «Сураҷкунд Мела», ки ҳамасола дар Ҳиндустон  доир мегардад, иштирок мекунанд. Инчунин баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дар давлатҳои ҳамдигар равзанаест дар шинохт ва муаррифии  санъати нотакрор ва фарҳанги қадимии ҳарду давлат. Соли равон дар Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон   доир мегарданд.  Ният дорем, ки ҳайати фарҳангии Тоҷикистонро дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ дар Ҳиндустон хуш истиқбол намоем. Санъати рақсу мусиқӣ ва синамои ҳиндӣ дар байни мардуми тоҷик аз маҳбубияти хосса бархурдор аст. Дар ин росто,  дар назди Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Маркази фарҳангӣ фаъолият менамояд, ки дар он мутахассиони ҳиндӣ бо дӯстдорони санъати рақсу мусиқӣ, забони ҳиндӣ ва йога омӯзиш мегузаронанд.

Дар шароити кунунӣ ҳамкории  илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз пеш густариш ёфтааст. Дар Тоҷикистон Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон фаъолият менамояд, ки дар таҳкими равобити фарҳангии ду кишвар саҳми босазо мегузорад. Дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи забони ҳиндӣ амал мекунад, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисон-донандагони забони ҳиндӣ собиқаи калон дорад. Иштироки мутахассисону донишмандони тоҷику ҳинд дар конфронсу ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ доир мегарданд, баёнгари  робитаҳои неки илмию фарҳангии ду сарзамин аст. Ҳамзамон барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон курсҳои мухталиф дар доираи барномаи омӯзишии ҳамкории иқтисодӣ ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон дар он кишвар гузаронида мешаванд. Инчунин дар Тоҷикистон чандин марказҳои илмию фарҳангӣ ва тиббӣ фаъолияти густурда доранд, ки аз тақвияти робитаҳои ҳасанаи илмию фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳиндустон шаҳодат медиҳанд. Мо умедворем, ки баргузории чунин чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ба густариши равобити мутақобилан судманди ҳар ду давлат мусоидат менамояд.

 

                    Мусоҳиб Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Январь 23, 2018 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид