Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият доданд, ки дар соли 2017 шумораи сайёҳон 24,9% афзоиш ёбад
ДУШАНБЕ, 6.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҷорӣ намудани тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 11 кишвари ҷаҳон, дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, таъсиси мақоми алоҳидаи давлатӣ дар бахши сайёҳӣ, иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, татбиқи самараноки Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017, дар шабакаи интернет фаъол шудани Портали миллии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, баргузор намудани конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, семинару омӯзишҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият доданд, ки дар соли 2017 шумораи сайёҳон 24,9% афзоиш ёбад.
Ин нукта зимни ҷамъомаде, ки дирӯз дар толори ҶСК «Комплекси сайёҳии Варзоб» бо мақсади тарғибу ташвиқи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, таъкид шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок доштанд.
Раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода зикр намуд, ки амалисозии як қатор ислоҳоти амалишудаистода дар бахши сайёҳӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ гардиданд, аз ҷумла аз ҷониби Сарвари давлат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар ҳамоиш ҳамзамон доир ба нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат ҷиҳати имтиёзҳои пешбинигардидаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ширкатҳои сайёҳӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






