«Тоҷик Эйр» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои воридоти ҳавопаймою вагонҳои замонавӣ аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 31 январ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» илова ворид намуданд.
Тибқи он Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзидин Қаҳҳорзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Тоҳир Ҷобирзода дар тавзеҳи ин масъала таъкид намуданд, ки ин тадбир бо мақсади навсозии техникии ҶСК «Тоҷик Эйр», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон андешида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки пешниҳоди имтиёзҳо ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2017 ирсол гардида буд, бармеояд.








Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?






