ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ ИМКОНИЯТҲОИ САЁҲАТИ САРГУЗАШТӢ ВА ПИЁДАГАРДӢ ДАР ҶАҲОН МАВҚЕИ 7-УМРО ИШҒОЛ НАМУД!

Январь 4, 2018 10:59

ДУШАНБЕ, 4.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон  шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар панҷгонаи аввали ин раддабандӣ Покистон, Россия, Ҳиндустон, Туркия ва Қирғизистон қарор доранд.

Маврид ба зикр аст, ки  бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.

“Дар рӯзҳои аввали Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, дар даҳгонаи аввали назарсанҷии Ташкилоти бритониёии саёҳати пиёдагардӣ, ки  давоми 4-5 соли охир ба зиёда аз 80 кишвари дунё сафар карда, макони беҳтаринро барои саёҳати пиёдагардӣ ва саргузаштӣ интихоб намуданд, шомил гардидани Тоҷикистон аз рушди сайёҳӣ дар  кишвари мо шаҳодат медиҳад”, -хабар доданд аз Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Ташкилоти байналмилалии “British Backpacker Society” ҷамъияти сайёҳиест, ки тасмим дорад ин гуна сафарҳоро идома дода, ҷуғрофияи давлатҳои тавсиявиро барои саёҳат дар соли 2018 васеъ намояд.

Саёҳати пиёдагардӣ яке аз намудҳои саёҳати шахсӣ ва нисбатан арзон буда, фарогири истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, меҳмонхонаҳои арзон (бо истифода аз ҳостелҳо), замонати будубоши тӯлонитар  ва арзон дар муқоиса ба рухсатиҳои истироҳатӣ ва рағбати шиносоӣ бо анъана ва расму оинҳои мардумӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд зикр намуд, ки дар самти содагардонии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус сайёҳон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти назаррас гузаронида шудааст. Аз ҷумла, низоми раводиди электронӣ, ки аз соли 2016 ҷорӣ гардид, ба он мусоидат намуд, ки ҷуғрофияи ташрифи сайёҳон аз 109 давлат то ба 146 давлат васеъ карда шавад.

Дастгирии навбатии Пешвои миллат ҷиҳати то 10 рӯз тамдид намудани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар Паёми имсолаи Сарвали давлат пешниҳод шуд, иқдоми ниҳоят саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамониати сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ва ҷалби васеи сайёҳон дар ҷумҳурӣ такони хуб хоҳад бахшид.

 

Январь 4, 2018 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад