«Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт», «Дӯстӣ, «Нилуфар»- навъҳои нави картошкае, ки ҳосилнокии зиёд ва хусусияти табобатӣ доранд
ДУШАНБЕ, 10.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 аз тарафи олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи нави картошкаи «Академияи илмҳо-1» ва топинамбур -ноки заминӣ бо номи «Сарват» ихтироъ гардид, ки Комиссияи давлатии навъсанҷӣ ва муҳофизати навъҳои нави зироати кишоварзии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навъҳои ояндадори картошка (навъи «Академияи илмҳо-1») ва топинамбур («Сарват») шаҳодатномаҳои муаллифӣ супорида, ин навъҳоро дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ намуд. Ин навъҳо нисбатан серҳосил буда, ба ҳарорати баланд ва шӯрии замин хело тобовар мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои кишоварзӣ, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев хабар дод.
Ба иттилои номбурда, саҳми олимони Институт дар рушди картошкапарварии мамлакат назаррас буда, таи солҳои охир навъҳои картошкаи «Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт», «Дӯстӣ», «Нилуфар»-ро ба даст оварданд, ки ҳосилнокии онҳо аз 1 гектар ба 35-45 тонна расида, фоидаи иқтисодӣ аз кишти онҳо беш аз 12-15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин навъҳои картошка алҳол дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Лахш, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Роғун, Файзобод, Ховалинг, Ванҷ, Ишкошим дар майдони беш аз 3 ҳазор гектар кишт карда мешаванд.
Навъҳои картошкаи «Тоҷикистон» ва «Нилуфар» серҳосил буда, дар баробари маводи ғизоӣ инчунин маводи табобатӣ низ ба шумор мераванд. Ба иттилои сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, картошкаи «Тоҷикистон» соли 2015 аз тарафи Комиссияи давлатии навъсанҷӣ ва муҳофизати навъҳои нави зироати кишоварзии назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳиябандӣ шудааст. Ин навъи картошка дорои оҳани зиёд буда, барои камхунӣ ба инсон фоидаовар мебошад. Инчунин картошкаи «Нилуфар» аз йод бой буда, барои пешгирии бемории ҷоғар манфиатбахш мебошад.
Ҳоло олимони АИ ҶТ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Муассисаи давлатии “Агролизинг” дар мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат бори аввал корҳои омӯзишии бештар аз 100 навъу намунаҳои картошка, гандум, зироати хӯроки чорво, топинамбурро ба роҳ монда, бештар аз 30 намуди гиёҳҳои шифоиро омӯхтанд, ки онҳо аҳамияти калони илмию амалиро доро мебошанд. Ҳоло дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои ҷумҳурӣ корҳои илмӣ доир ба омӯзиши зироати батат (картошкаи ширин) оғоз шудаанд, ки он аҳамияти ғизоӣ ва табобатӣ дошта, ба ҳарорати баланди ҳаво хело тобовар аст. Ин картошка дар раванди баланд гаштани ҳарорати ҳаво дар оянда барои ба даст овардани хӯрокӣ аҳамияти калон дорад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ “Ховар”








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






