Тоҷикистон-сарзамини кӯҳҳои осмонбӯс ва обҳои шифобахш. Дар Кӯлоб конференсияи сайёҳӣ баргузор гардид

Январь 15, 2018 11:22

ДУШАНБЕ, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади рушди саёҳати дохилӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии мамлакат таҳти унвони «Рушди  сайёҳӣ-омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ» дар шаҳри Кӯлоб конференсияи сайёҳӣ баргузор намуд. Дар кори он намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, соҳибкорон, ширкатҳои сайёҳӣ, устодони макотиби таҳсилоти олии мамлакат, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, инчунин роҳбарони мехмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ҳунармандони маҳаллӣ  ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.

Тоҷикистони биҳиштосо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Ин нуктаро муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода зимни конференсияи мазкур  иброз намуд.

Иштирокдорони конференсия дар бораи имкониятҳои сайёҳии ин минтақа сухан гуфта, изҳори умед карданд, ки солҳои наздик дар сурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти рушди туризм ҷумҳурии мо ба мавзеи муҳими сайёҳии минтақа табдил меёбад. Ба ин раванд Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018, бешак,  мусоидати муассир менамояд.

Иштирокчиён ҳамчунин бо мақсади муаррифӣ ва шиносоӣ пайдо намудан аз як қатор мавзеъҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, осорхонаи марказӣ, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мавзеи таърихии «Ҳулбук» дидан намуданд.

Январь 15, 2018 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад