“Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост”-бардошт аз Соли ҷавонон

Январь 13, 2018 09:52

ДУШАНБЕ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷавонони ташаббускори ҷумҳурӣ дар Соли ҷавонон иқдомҳои зиёдеро амалӣ гардониданд.

Онҳо, аз ҷумла, дар ҳамоишҳо, семинару конфронсҳо, вохӯриву суҳбатҳо дар мавзӯъҳои муҳим, чорабиниҳои давлатии сатҳи баланд ва барномаҳои гуногуни варзишиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, Соли ҷавононро муваффақона ҷамъбаст намуданд.

Имрӯз донишкада баҳри такмилу тақвияти маҳорату малакаи касбии мутахассисони ҷавон ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон корҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Бояд зикр кард, ки ҷавонон на танҳо дар самти фаъолияти касбии худ муваффақанд, балки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ низ дар муддати кӯтоҳ бо диди наву донишҳои замонавӣ ба комёбиҳо ноил мегарданд.

Яке аз чунин ҷавонони фаъол мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Ҷамшед Абдиев мебошад, ки дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» назари худро чунин иброз намуд:

Ҷаҳони имрӯза саропо дар ҳолати таҳаввул ва тамоюлоти мухталиф қарор дошта, бо роҳҳои мураккабу печида инсониятро ба сӯи ояндаи пурасрор ҳидоят менамояд, ки шинохту пешбинии тамоми ҳодисаҳои ба амаломада ба осонӣ ба даст намеояд.

Сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ, саодатмандию сарбаландӣ ва шукуфоию пешравии давлату миллат аз муттаҳидии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, ҷавонони бонангу номуси он вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият ба ташаккули шахсияти ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста аҳамияти ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳамаи суханрониҳояшон бештар оид ба он мавзӯъҳо ва мушкилоте, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамият доранд, сухан мегӯянд ва барои ҳалли онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Сарвари давлати мо дар пешниҳоди иқдомҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ яке аз ташаббускорони калидӣ ба ҳисоб мераванд. Боиси зикр аст, ки  тамоми мавзӯъҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат баррасӣ карда мешаванд ва ба ҳаёти сиёсиву ичтимоии Тоҷикистон дахл доранд, аз мадди назари давлату Ҳукумат дур нестанд, бахусус масъалаи ҷавонон.

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат маҳз ба мо- ҷавонон рӯ оварда, зикр карданд, ки “мо соҳиби давлати мустақил ҳастем ва фарзандони мо, яъне наврасону ҷавонон бояд ба хотири таҳкими истиқлолият ва пешрафту тараққиёти давлат, инчунин барои ба давлатҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистон дорои донишу маҳорат, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, донишу маҳорати хуби техникиву технологияҳои муосир, ахлоқи ҳамида ва ватандӯсту ватанпарвар бошанд. Фарзандони азиз, давлат ва Ҳукумати мамлакат имрӯз барои фароҳам овардани шароити мусоиду замонавии таҳсил ба Шумо тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст ва ин корро минбаъд низ идома медиҳад. Вазифаи асосии Шумо танҳо хубу аъло таҳсил кардан аст. Мо аз Шумо умедҳои зиёд дорем, ки ин сарзамини аҷдодӣ, Ватани маҳбуби мо -Тоҷикистони азиз оянда бо дасти шумо боз ҳам ободу зеботар мегардад ва парчами истиқлолияташ доимо парафшонӣ менамояд”.

Ё ҷои дигар гуфтаанд: “Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.

Ҳамчуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 иброз доштанд, “бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017 — ро Соли ҷавонон эълон намудем”.

Ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозида, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури мо, ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Аз ҳама нуктаи муҳиму марказӣ дар Паём, ки ба мо ҷавонон илҳоми тоза бахшид ва оташаки боварии моро ба ояндаи дурахшони мамлакат  дар тамоми вуҷудамон аланга дод, ин буд:

“Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”.

Воқеан ҳам ин нукта моро водор месозад, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти ин сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созему пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, дар равияи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, ташаккул ва рушд додани санъату ҳунар кӯшиш намоем. Ва доимо дар паи ҷустуҷўи навгониҳои  асри нав фаъолияти ҳадафраси худро идома дода, дар ҳаёти сиёсиву рукнҳои давлатдории навин иштироки фаъолона намоем. Кӯшиш намоем, ки неруи зеҳнии худро баланд бардошта, ғамхориро дар ҳаққи наслҳои ояндасоз дареғ надорем ва баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии худ ва дигар ҷавонон дар ҷодаи тақвияти ҷиҳатҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию варзишӣ, рушди ҳамкорӣ ва мустаҳкам гардонидани дӯстию ягонагӣ пайваста ба самти пеш ҳаракат намуда, нисбат ба хат, забон, урфу одати аҷдодии худ эҳтиром гузошта, баҳри  пойдор нигоҳ доштани сулҳи ин меҳан ҳамчун Пешвои худ ҷони худро дареғ надорем.

Пойдор будани соҳибистиқлолии мо, ки дар ҷараёни татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор до­рад, аз ҷумла, ба донишу неруи созандаи мо, ҷавонон вобаста мебошад. Моро зарур аст, ки дар шароити муосир ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони нав зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунандаи худро гузорем. Мо бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар, эҳёи дурахшонтарин арзишҳои миллӣ ва тамаддуни бузур­ги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Ва аз он мефахрем, ки идомадиҳандаи суннатҳои таъ­рихиву фарҳанги қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли хеш ҳастем.

Дар ин замина гуфтаниям, ки ҳамчуни як ҷавони зодаи Истиқлолият ифтихор аз он дорам, ки ҷумҳурии мо дорои Конститутсия, Ваҳдат, Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ мебошад, инчунин бо шукргузории бепоён аз он мефахрам, ки тоҷикаму дар Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият менамоям.

Соли ҷавонон барои мо, ҷавонон боиси хушнудӣ, сарфарозӣ, сарбаландӣ ва марҳилаи рушду нумуъ буд, зеро мо боз ҳам дорои имконияти васеи дарки манфиатҳои миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи сохти давлатӣ, истиқлолият, ваҳдат, ягонагӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои табиии мамлакат, махсусан захираҳои обӣ, ки имрӯз яке аз проблемаҳои аввалиндараҷаи сайёра ба ҳисоб меравад, инчунин рушди иқтисоди миллӣ, нигоҳдошт ва баланд бардоштани  мақоми байналмилалии давлат, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, расму оин ва ҳувияти миллӣ гаштем.

Хулоса, соли 2017 барои тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ як рӯйдоди муҳиму хотирмон ва мояи ифтихор гардид.

Дар ин бобат устод Лоиқ ба ҷавонони саодатманди ҷумҳурӣ, ки захираи тиллоии давлат ба ҳисоб мераванд, чунин хитоб кардааст:

Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост,
Айни сабзидану шукуфтанҳост.
Ту ҷавонӣ, ҷаҳони ту роҳ аст,
Арсагоҳат зи моҳӣ то моҳ аст.

 

Лутфия ЭШОНҚУЛОВА,
АМИТ «Ховар»

Январь 13, 2018 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст