ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 05.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсия дар ҳамкорӣ бо сокинони ҷумҳурӣ барои пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ пайваста фаъолият намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ ҷинояту кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок содир мешаванд, ки ин бевосита аз ноогоҳӣ ва надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон аст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад, ки чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.
Ошкор шудани дуздии 9 халта мавиз
Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразм бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 23 декабри соли 2017 шахсони номаълум ба таври пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 9 халта мавизро ба маблағи 6000 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразм бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Дуздии ҷавоҳирот
Зани 37-солаи сокини ноҳияи Деваштич ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22 декабри соли 2017, шахсони номаълум ба таври пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 2000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар мардони 27, 23-сола ва писарбачаи ноболиғи 16-сола, сокинони ҷамоати шаҳраки Ғончӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
Дарёфти 17 грамм санги қиматбаҳои ёқут
Кормандони милитсия зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 54-солаи сокини ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо дастгир намуданд. Зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 17 грамм санги қиматбаҳои ёқут дарёфт ва мусодира карда шуд.
«Мастӣ ба пастӣ мебарад»
Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд. Номбурда 4 декабри соли 2017 дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди ноҳияи Спитамен ба тариқи зӯроварӣ аз дасти марди 42-солаи сокини деҳаи Оқтеппаи ноҳияи мазкур 1 адад телефони мобилии тамғаи «Аури»-ро, ки маблағаш 480 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дуздии ангуштарин ва пулҳои хушдоман аз ҷониби домод
Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 247 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо иттиҳоми дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда ҳангоми дар хонаи истиқоматии модарарӯсаш, зани 63-солаи сокини шаҳри Конибодом қарор доштан бо роҳи пинҳонӣ аз он ҷо 3000 сомонӣ ва 1 адад ангуштарини тиллоиро ба маблағи 5000 сомонӣ дуздидааст.
Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






