Завқӣ Завқизода: «Дар корхонаи коркарди нафти МОИ «Данғара» 99%-и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд»

Январь 31, 2018 16:39

ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Ширкати дорои масъулияташ маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «ХЕЛИ»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»  дар Тоҷикистон аввалин корхонаи коркарди нафт месозад. Дар ин бора созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ширкат қаблан имзо шуда, рӯзи 9 октябри соли 2014  зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба тасвиб расид. Дар робита ба ҷараёни иҷрои корҳои бунёдии ин корхонаи бузурги нафтӣ  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода суҳбат намуд.  

 АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Завқӣ Завқизода, ҷараёни иҷрои корҳои бунёди корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара» дар кадом ҳолат қарор дорад ва ифтитоҳи он кадом сол дар назар гирифта шудааст?

Завқӣ Завқизода: Ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда корҳои назаррас амалӣ гардида, дар ташаккули захираҳои бозори истеъмолӣ ҳиссаи молҳои истеҳсоли ватанӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, ки солҳои пеш қисми зиёди ин маҳсулот аз хориҷ ворид карда мешуданд.

Барои ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда сохтмони корхонаи истеҳсоли нафт бо иқтидори 1,2 млн. тонна дар як сол дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба нақша гирифта шуда, айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Корхона дар як шабонарӯз метавонад зиёда аз 1000 тонна нафти хомро коркард намояд.

Дар ҳудуди МОИ «Данғара» барои марҳилаи 1-уми бунёди корхонаи мазкур дар масоҳати 27 га қитъаи замин бо маблағи 80 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст, ки айни ҳол корҳои сохтмонии корхона 99% ба анҷом расонида шуда, корҳои ободонии атрофи он идома доранд. Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони ширкат озмоиши техникии таҷҳизоти васлгардида барои ба истифода додани корхона ҷараён дорад. Интизор меравад, ки корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар ояндаи наздик ба кор оғоз кунад.

АМИТ «Ховар»: Нафти хом ба ин корхона аз кадом давлатҳо ворид карда мешавад?

Завқӣ Завқизода: Бо мақсади таъмин намудани корхонаи мазкур бо ашёи хом корҳои сохтмонии роҳи оҳан то ба самти корхона дар масофаи тахминан 2 км давом доранд.

Барои омӯзиши пурраи ин иқдом комиссияи босалоҳият аз ҳисоби мутахассисони ҶДММ «ТК-Ойл», Маъмурияти МОИ «Данғара», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Роҳи оҳани Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва Институти лоиҳакашии Вазорати нақлиёт таъсис дода шуда, айни ҳол масъалаи мазкур дар баррасии гурӯҳи корӣ қарор дорад.

Ҳамзамон роҳбарияти ширкати мазкур ҷиҳати ворид намудани ашёи хом аз ширкатҳои ҷумҳуриҳои ҳамшарики Тоҷикистон бо онҳо гуфтушунид анҷом дода истодаанд. Тибқи нақшаҳо, ширкати номбурда баъди ба охир расидани корҳои озмоиши техникии таҷҳизот, сохтмони роҳи оҳан ва ворид гардидани ашёи хом фаъолияти истеҳсолии худро оғоз  хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»: Дар сурати ифтитоҳ шудани корхона Тоҷикистон аз он чӣ манфиат мебардорад?

         Завқӣ Завқизода: Тибқи нақша, дар сурати ба фаъолият шурӯъ намудани ин корхона зиёда аз 800 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд, ки аз онҳо андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ба буҷаи давлат равона карда мешавад. Илова бар ин ширкати мазкур дар оянда метавонад бозори дохилиро бо маҳсулоти сӯзишворӣ таъмин карда, қисми зиёдатии онро ба давлатҳои ҳамсоя содирот намояд.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ “Ховар”

 

P.S. Бояд зикр намуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи «Данғара» моҳи феврали соли 2009 дар масоҳати 150 гектар замин таъсис дода шуд. Тибқи иттилои масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистион, то имрӯз дар ин минтақа 31 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 23 ширкат фаъол мебошанд.

Имрӯз Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро аз хориҷ, асосан аз Россия дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка ворид мекунад. Баъзеҳо бар он назаранд, ки воридоти маҳсулоти тайёри нафтӣ назар ба воридоти нафти хом ва коркарди он дар дохили ҷумҳурӣ барои мамлакати воридкунанда гаронтар меафтад. Вале масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо бунёди бузургтарин корхонаи коркарди нафт дар МОИ “Данғара”-ро як иқдоми муҳим барои рушди иқтисодии ҷануби Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ, Тоҷикистон унвон карданд. Ба маълумоти ин мақомот, бо фаъол шудани ин корхона эҳтимол меравад, ки дар заминаи он истеҳсоли маҳсулоти гуногуни нафтӣ низ ба роҳ монда шавад.

Изҳори умед мекунем, ки баъди ба кор даромадани ин корхонаи бузурги нафтӣ дар бозори сӯзишворӣ рақобати солим бештар шуда, он сабаби поён рафтани нархи сӯзишворӣ дар мамлакат мегардад.

Январь 31, 2018 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд беш аз 100 намояндаи ВАО сабти ном гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид