Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон: «Мактабҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дар навбати аввал мавриди бозсозӣ қарор мегиранд»

Февраль 15, 2018 16:11

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) дар 17 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои худро амалӣ менамояд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи  БМИМТ  Шералӣ Сиддиқзода иброз дошт.

Ҳамчунин зикр шуд, ки мақсади барномаҳо беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, ки  ба он 14  шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон ва 3 ноҳияи минтақаи Рашт дохил мешаванд.

«Барои татбиқи ин барномаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мазкур он мактабҳое   интихоб шудаанд, ки  дар вагонхонаҳо ҷойгиранд.  Муассисаҳое, ки дар хонаҳои шахсӣ ва биноҳои маъмурӣ фаъолият мекарданд ва мактабҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дар навбати аввал мавриди бозсозӣ қарор мегиранд»,- илова намуд Ш. Сиддиқзода.

Зикр гардид, ки то имрӯз аз 16 лоиҳае, ки дар вилояти Хатлон мавриди амал қарор доранд, 14 лоиҳа ба истифода дода шуда, дар минтақаи Рашт 12 лоиҳаи нақшавӣ пурра татбиқ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  БМИМТ барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт»-ро  аз 1 апрели соли 2013 то 31 декабри соли 2017 татбиқ намуд ва  амалигардии  барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии  инфрасохтори коммуналӣ», ки  1 июни соли 2014 оғоз гардид, то 30 июни соли 2018 идома меёбад.

 

 

 

 

 

Февраль 15, 2018 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад