Дар Душанбе ба ҷашни 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд

Февраль 12, 2018 10:42

ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро  оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пойтахт   тасдиқ  намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, ин   чорабиниҳо    бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни  мазкур ва  дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию  ҳувияти миллии сокинони пойтахт  гузаронида мешаванд.

«Дар доираи ин чорабиниҳо ҳар гуна озмуну мусобиқаҳои варзишӣ байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе,  аз ҷумла,  мусобиқаи тирпаронӣ, футболи  хурд миёни наврасон  баргузор карда мешаванд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо баргузории  мулоқоту суҳбатҳо бо афсарони  қисмҳои низомии ҳудуди пойтахт, намоиши филмҳои мустанад дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аёдати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон   ва расонидани кумаки моддӣ ба онҳо  дар назар аст»,- афзуд манбаъ.

 

 

Февраль 12, 2018 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд