Дар Фарғона нишасти муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид

Февраль 26, 2018 15:20

ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврали соли 2018 дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чорабинӣ аъзои ҳукуматҳо, роҳбарони вазоратҳо, сохторҳо ва идораҳои соҳаи иқтисодиёти ду давлат  иштирок намуданд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳои судманд, ки дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардиданд, роҳбарони ҳайатҳои ҳар ду ҷониб  сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар тамоми соҳаҳо баланд арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки бо иродаи сиёсии Сарони ҳар ду мамлакат  робитаҳо дар сатҳи  олӣ пурсамар гардида, рафтуомади ҳайатҳо ба роҳ монда шуданд,  нишастҳои  Комиссияҳои байниҳукуматӣ  баргузор гардиданд, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии ҳар ду кишвар ташкил карда шуданд.

Дар чаҳорчӯби вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба гузориши хатти марз дар минтақаҳои алоҳида баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки дар муддати кӯтоҳ ба комёбиҳои қобили таваҷҷуҳе дар раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ  ноил гардидаанд.

Иштироккунандагон инчунин ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва муҳтавои чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ, ҳамоҳангсозии бастаи ҳуҷҷатҳои дуҷонибае, ки  дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ба Тоҷикистон  ба нақша гирифта шудаанд, таваҷҷуҳ намуданд.

Бино ба таъкиди ҷонибҳо, баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои рӯзномаи Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматӣ дар фазои созанда ҷараён гирифтанд.

Февраль 26, 2018 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон