Дар Туркманистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бахшида ба рӯзи касбии кормандони ҳайати дипломатии Туркманистон барномаҳои фарҳангию консертӣ ва конфронс зери унвони «Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ» баргузор гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи таҷлили ин ҷашнвора гӯшаи фарҳангии намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод, аз ҷумла, кишварҳои масири Роҳи абрешим ороста шуд, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод низ ширкат варзид. Асбоби мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳову маводи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон гузошта шуда, иштирокчиёни намоишгоҳ аз он дидан карданд.
Дар қисмати дуюми барнома Конфронс зери унвони «Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ» бо иштироки муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, намояндагони вакилони Маҷлис, роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ, инчунин муассисаҳои илмии олӣ, намояндагони ВАО ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни Конфронс сухан ба роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дода шуд.
Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба таърих ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули Роҳи бузурги абрешим, аҳамияти он миёни кишварҳои минтақа ва умуман давлатҳои Шарқу Ғарб, инчунин доир ба муносибатҳои дуҷониба сухан гуфт.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






