Дар Женева маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи рассомони Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврали соли 2018 маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи рассомони Тоҷикистон, ки бахшида ба Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ташкил шудааст, баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар он Директори генералии СУЗМ Фрэнсис Гарри, инчунин намояндагони ҳайати дипломатии кишвари иқомат ва роҳбарияти ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Ба меҳмонон оид ба фарҳанги бойи Тоҷикистон ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ маълумот пешкаш гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






