Донишкадаи кӯҳӣ–металлургии Тоҷикистон махзани омоданамоии мутахассисони соҳаи кӯҳшиносии мамлакат аст

Февраль 28, 2018 09:03

ХУҶАНД, 28.02.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Донишкадаи кӯҳӣ–металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд давоми 12 соли таъсис яке аз таълимгоҳҳои омодакунандаи мутахассисони соҳаҳои гуногуни коргоҳҳои кӯҳӣ-металлургии мамлакат маҳсуб мешавад.

Сохтор ва заминаи моддиву техникии он сол ба сол инкишоф ёфта, имсол донишкада гранти Академияи миллии илмҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (The National Academies of Sciences, Engineering, and Medicine)-ро аз рӯи Барномаи «Ҳамкорӣ бо мақсади мустаҳкам намудани фаъолият дар тадқиқоти илмӣ» доир ба масъалаи идоракунии якҷояи захираи обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ  соҳиб гашт.

Вобаста ба бурду бохт, самтҳои таҷрибаомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар Донишкадаи мазкур ректори он Мухтор Фозилзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки ҳоло дар донишкада 3 факулта — корҳои кӯҳӣ, металлургия ва электромеханика амал намуда, аз рӯи 16 ихтисоси равияи кӯҳӣ- металлургӣ ва як ихтисоси бакалаврӣ – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот  мутахассисон омода карда мешаванд. Имрӯз донишкада дар самти таъмин намудани хатмкунандагон бо кори доимӣ бо 46 коргоҳи соҳавӣ-саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Чанде пеш ҳамроҳ бо намояндагони корхонаи навтаъсис- ҶДММ «Ширкати идоравии минтақаи саноатии Тоҷикистону-Хитой», воқеъ дар шаҳри Истиқлол ҷиҳати дар ин коргоҳ бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон озмуни интихоби вазифаҳои корӣ гузаронида, 10 нафар хатмкунандагон ба коргоҳ қабул шуданд.

Инчунин баҳри сайқал додани дониши азхудкардаи донишҷӯён беш аз 650 нафар донишҷӯёни бахшҳои 2 ва 3 барои таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ ва  истеҳсолӣ дар корхонаҳои соҳавии миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ, аз ҷумла, КВД «Аэрогеодезияи Суғд», ҶСК «Ангишт», НБО «Дӯстии халқҳо», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум», КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон, ҶДММ КМ «Зарафшон» сафарбар карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати имрӯзаи  Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таълиму тадриси муҳассилини мактабҳои олии мамлакат агар аз як ҷониб таъмини шароити хуби таълим дар муассисаҳои таҳсилотӣ бошад, паҳлӯи дигари он бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани мутахассисони соҳибкасб ба ҳисоб меравад. Ин раванд дар Донишкадаи мазкур хеле хуб роҳандозӣ гардидааст.

Февраль 28, 2018 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд