ЭҲЁИ МИЛЛӢ. Бо ибтикор ва роҳбарии Пешвои миллат тоҷикон баъд аз ҳазор сол бори дигар дар таърих чунин давраи рушдро аз сар мегузаронанд!

Февраль 8, 2018 16:39

ДУШАНБЕ, 08.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Баъд аз ҳазор сол тоҷикон бори дигар дар таърихи худ чунин давраи рушду нумӯи фарҳангу ҳунар ва анъаноти миллиро аз сар мегузаронанд, давраеро, ки дар тӯли қарнҳо ба халқҳо ва давлатҳои дигар низ муяссар шуддаст ва дар сарчашмаҳои илмию таърихӣ бо номи «ренессанс» машҳур аст». Чунин иброз доштааст Завқибек ПӮЛОДЗОДА дар як нигориши худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол доштааст. Азбаски, ба назари мо,  андешаҳо ва мулоҳизаҳои рӯзноманигори ҷавон дар ин мавззӯи хеле муҳим барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла таърихнигорону муҳаққиқон қобили таваҷҷӯҳ хоҳад буд, ин нигоштаро дар зер  пешкаш менамоем.

Аз таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик маълум аст, ки мардуми он дорои анъанаҳои неку ғанӣ ва урфу одатҳои ба худ хос мебошанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 моро бори дигар водор мекунад, ки аз гузаштаи худ огаҳ бошем ва бидонем, ки  аҷдодони мо бо кадом ҳунарҳои воло   таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда буданд.

Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба эҳё ва рушду инкишофи  ҳунарҳои мардумӣ нигаронида шудааст.

Таърих гувоҳ аст, ки аҷнабиён қисме аз фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷикро ба нестӣ бурданд, қисми дигар аз тангдастии ҳокимони замон истифода бурда, бисёре аз анъана ва ҳунарҳои мардумиро аз худ намуданд. Ҳамин аст, ки шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир  дар як шеъри худ ишора кардааст:    «Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод…». Ҳарчанд душмани донишгадои ин миллати тамаддунсоз молу сарват ва донишу фарҳангашро ҳамвора ғорат мекард, аммо фарзандони хирадманду нерумандаш бо донишу хиради воло  дубора  ва бо шакли нав донишу фарҳанги худро эҳё мекарданд.

Коллажи Мақсудҷон Муҳиддинҷон, АМИТ «Ховар»

Ҳамин аст, ки фарҳанги тоҷик решаҳои ҳазорсола дошта, марҳилаҳои зиёди таърихиро аз сар гузаронидааст. Тоҷикон новобаста аз ҳама гирудорҳои таърихӣ тавонистанд то ба имрӯз расму оин ва анъанаҳои миллии худро ҳифз намоянд. Айёми давлатдории Сомониён давраи шукуфтанҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҷоди асарҳои воло ба шумор мерафт. Худи Исмоили Сомонӣ ҷонибдори ривоҷу равнақи мактабу маориф, илму фарҳанг ва касбу ҳунар буд. Шахсияти Исмоили Сомонӣ ҳамчун амир, сиёсатмадор ва марди фарҳангӣ беназир аст. Бубинед, таърих чӣ гардишҳое дорад, ҳазор сол пеш шоҳ Исмоили Сомонӣ давлатдории Сомониёнро эҳё намуд, фарҳанг ва тамаддуни тоҷиконро гиромӣ дошт.

Давраи ҳукмронии сулолаи Сомониёнро таърихнигорон барҳақ «давраи тиллоии рушди фарҳангу адабиёт ва илму ҳунари миллати тоҷик» номмидаанд. Аз ҷумла, академик Акбар Турсун дар китоби машҳури худ «Эҳёи Аҷам».

Агар Исмоили Сомонӣ дар замони худ  эътибори нахустин   Давлати тоҷиконро баланд бардошта,  аркони давлатдорӣ ва фарҳанги миллиро  ба вуҷуд оварда бошад, пас, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аркони давлатдории навини  миллати тоҷикро    ба вуҷуд оварда, онро таҳким бахшиданд, таърих, забон, илму адаб, фарҳангу ҳунар ва расму русуми миллиро аз нав  зинда гардонданд ва ба маснади баланд бардоштанд. Ва ин ҳамаро мо ба аҳли олам имрӯз  бо сари баланд муаррифӣ менамоем ва ифтихор аз Ватан, Давлат ва Пешвои миллати худ мекунем.

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани «Соли тамаддуни ориёӣ» (соли 2006), «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» (соли 2009), «2700-солагии Кӯлоб» (соли 2006), «2500-солагии Истаравшан» (соли 2002), 100-солагии Б. Ғафуров, 110-солагии шоир ва ҳофиз Сайидалӣ Вализода, 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, соли «Маориф ва фарҳанги техникӣ», инчунин ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид намудан ва ҷашн гирифтани «1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва «100-солагии Қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Турсунзода» (соли 2009), «100- солагии бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ» (соли 2014), «600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ» (2014), «3000-солагии Ҳисор», «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ва эътироф шудани шаҳри Кӯлоб ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ соли 2015 ба эҳёи фарҳанги асили миллати тоҷик равона шуда, аҳамияти чорабиниҳои мазкур дар ташаккули дарки таърихи миллат ва худшиносии тоҷикон  хеле бузург аст.

Сарвари давлати тоҷикон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ пайваста таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи «Шашмақом» ва Рӯзи «Фалак», баргузории рӯзҳои фарҳангӣ ва дигар фестивалу озмунҳо  гувоҳи онанд, ки дар ҷумҳурии мо ба фарҳангу ҳунар ва санъат диққати зарурӣ равона мегардад. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат зимни ирсоли Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва аз нав эҳё кардани ҳунарҳои фаромӯшшудаи аҷдодон мусоидат хоҳад кард.

Таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2009 сурат гирифт, аз мақоми шоиста доштани дини ислом дар сиёсати фарҳангсолории Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Қобили таъкид аст, ки бо таҷлили соли Имоми Аъзам ва бо забони ноби тоҷикӣ тарҷума гардидани китоби муқаддаси “Қуръон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти дини ислом ҳамчун дини фарҳангофаранда дар ҷомеаи навин мақому манзалати хосса касб кард. Дар заминаи пешбурди ҳамин сиёсат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи 500 шахсияти муътабари олами ислом роҳ ёфт ва соли 2010 шаҳри Душанбе ҳамчун “Пойтахти фарҳанги исломӣ”эътироф гардид.

Соли 2015 Ҳисори шодмон бо таърихи пурғановати гузаштаву арзишманди худ 3000-сола шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳисори бостон бо осори таърихии худ, табиати зебо, обу ҳавои тоза дар гузаштаи таърих маълуму машҳур аст. Ин матлабро, ки Ҳисор мулки ҳосилхез ва дорои таърихи бой мебошад, олимони шинохтаи олам исбот намуданд. Ҳамин табиати зебо ва хушбоду ҳаво буд, ки шоҳзодаи темурӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур — лашкаркаши боистеъдод ва нависандаи хушсалиқа соли 1512 пас аз шикаст аз ҷониби   Шайбониҳо ба Ҳисор омад. Табиати зебо ва мавқеи мусоиди ҷуғрофии ин мавзеъ ўро шефтаи худ гардонид ва ӯ чанд муддат дар ин минтақаи зебо истиқомат намуд.

Ин табиати зебо ва дилнишинро, ки як  пораи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст,  Сюан-Сзян, олим ва сайёҳи асри VII Чин дар сафарномааш чунин менигорад: «Ман чандин сафарҳои тўлониву таърихӣ ба тамоми гўшаҳои дунё доштам, вале хонигарии Су-Ман, яъне Шумон аз ҳамаи ҷиҳат минтақаи зеботарини олам аст».

Ёдовар мешавем, ки ин сайёҳ Ҳисори шодмонро дар асари худ «Зафарнома» бо номи  Су-Ман, яъне Ҳисори имрӯза  ном бурдааст. Муаллифи асари «Ҳафт иқлим»  Амин ибни Аҳмад ар — Розӣ дар асри XVI дар ваcфи Шумон чунин овардааст: «Шумон маконест ҳосилхез ва фаровон аз ҳамаи неъматҳои рӯйи дунё, инчунин маконест, ки инсониятро барои эҷоди шеъру ғазал ва асарҳои  таърихӣ илҳом мебахшад».

Соли 2017 бо пешниҳоди Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардида буд. Ин неруи созандаву муқтадири пешбарандаи ҷомеа дар айёми қадамгузориҳои нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифодаи ифтихор ва шукргузорӣ аз истиқлоли давлатӣ талошу ташаббускориҳои беназир нишон дод. Имрўз ҳар як ҷавони мамлакатро мебояд аз ин неъмати бебаҳо, ки ўро истиқлол ном аст, шукрона кунад. Дар ивази ҳамаи ин дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ҷавони бо нангу номуси диёр бояд дар пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол саҳмгузор бошад, ин давлату ин миллатро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва гиромӣ дорад. Тоҷикистони азизи мо бо ҷавонони баору номусаш дар оянда боз ҳам шукуфон мегардад, зеро ояндаи Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол  дар дасти ин насли ояндасоз мебошад.

Тоҷикистони азизи мо бо обу ҳаво, меваҳои шаҳдбор,  шахсиятҳои шинохта ва тамаддуну фарҳанги гузаштааш ифтихор дорад. Соли 2018, ки аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ташрифи сайёҳонро ба давлати соҳибистиқлоли мо дучанд мегардонад ва таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро боз ҳам бештар ба худ ҷалб мекунад…

Бале, ин воқеан Давраи Эҳё аст, ки дар тӯли қарнҳои гуногун ба баъзе давлатҳо ва халқҳои мутамаддини олам насиб гашта, боиси рушду тараққиёти бесобиқаашон гардидааст. Даврае, ки дар сарчашмаҳои илмию таърихӣ бо номи «ренесанс» (калимаи франсавӣ, маънояш эҳё, аз нав зинда шудан)  машҳур аст.

 

Завқибек ПУЛОДЗОДА
                                                                          Коллажи Мақсудҷон Муҳиддинҷон, АМИТ «Ховар»

Дар бораи муаллиф:

Пулодзода Завқибек Тоҷидин 15 сентябри соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 2003 мактаби миёнаи №61-и шаҳри Душанбе  ва соли  2008 факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Солҳои 2008-2010 дар Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ҳамчун хабарнигор кор кардааст.  Аз соли 2010 то имрӯз ба ҳайси мутахасссиси  Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият  менамояд.

Соли 2015 курси такмили ихтисоси Академияи Хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро хатм намудааст.. Унвонҷўйи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Февраль 8, 2018 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд