Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Февраль 16, 2018 14:23

ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 16 феврали соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, аъзои Комиссияи марказии тафтишоти ҳизб, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент, роҳбарони як қатор кумитаҳои ҳизбии минтақаҳо, комиҷроияҳои ибтидоии ҳизбӣ, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшида, ба баррасии ҳозирин рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар бораи «Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ барои соли 2018»-ро пешниҳод намуданд.

Раиси муаззами ҳизб зимни суханронӣ, аз ҷумла, иброз доштанд, ки имрӯз барои ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даврае фаро расидааст, ки аз фаъолияти ҳизб дар соли 2017 ҷиҳати амалӣ гардондани ҳадафҳо ва барномаҳо натиҷагирӣ намуда, барои соли нави 2018 нақшаҳоро муайян намоянд. Таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори ҳизб, бахусус, дар шароити имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон дуруст ба роҳ монда шавад.

Таъкид гардид, ки «мо дар як давраи мураккабу ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Дар дунё таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Дар гӯшаҳои мухталифи дунё ва кишварҳои гуногуни олам воқеаҳо ва таҳаввулоте ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа бетаъсир намемонанд. Бинобар ин моро зарур аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас ва роҳандозӣ намоем»,-таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Изҳори боварию эътимод карда шуд, ки ҳар як чорабинӣ ва маъракаю ҷашнҳои ороста барои сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар давлати соҳибистиқлол мусоидат менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва неруи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст. Фаъолияти фарогири ҳизб бозгӯи он мебошад, ки дар байни мардум маҳбубияти хос дорад.

Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, ки дар айни замон шумораи онҳо ба зиёда аз 460 ҳазор нафар мерасад, ҳамеша дар сафи пеши муборизони таҳкими сулҳу субот ва тараққиёт мебошанд, ки чунин мавқеи устувор обрӯи онро дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа беш аз пеш афзун гардонда истодааст.

Дар амри созандагию бунёдкорӣ ва таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи калон пайдо кардааст. Барномаҳои он танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронида шудаанд.

Баъдан бархе аз аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», аз ҷумла Шодигул Қонунзода — директори мактаби Президентии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Аловиддин Амирзода — омӯзгор аз вилояти Хатлон, Муслимахон Ҷамолиён — раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, Муистон Азизова — раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, Баҳодур Исҳоқов — раиси ташкилоти ибтидоии “Сафеддара” ва Саодат Холмирзоева — магистри Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба музокира баромада, назару андешаҳои худро перомуни амалӣ кардани қарорҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои мақомоти олии ҳизб баён доштанд ва барои боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолияти минбаъдаи ташкилоти сиёсӣ ва таҳкими обрӯву нуфузи он дар ҷомеа пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Дар ниҳояти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони маҷлисро барои таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу ваҳдат, меҳнати садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан даъват намуда, бо назардошти тағйиру иловаҳо қарори Маҷлисро ба овоз монданд, ки он аз ҷониби аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб якдилона пазируфта шуд.

Иштирок дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 16.02.2018

Февраль 16, 2018 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд