Лоиҳаи интернетии «Ҳамовозӣ: адабиёт ва публисистикаи кишварҳои Иттиҳод» мақоми байналхалқӣ хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 1.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи интернетии «Ҳамовозӣ: адабиёт ва публисистикаи кишварҳои Иттиҳод» (Созвучие: литература и публицистика стран Содружества) бо нишонии www.sozvuchie.by мақоми байналхалқӣ касб менамояд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сомонаи мазкур, ки дар Ҷумҳурии Беларус сохта шудааст, имрӯз чун пули дӯстӣ байни давлатҳои Иттиҳод амал мекунад. Сомона ҳамчун воситаи самараноки ҳамкории гуманитарӣ барои оммавӣ гардонидани мероси маънавӣ ва эҷодиёти кишварҳои ИДМ шинохта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки қарор оид ба мақоми байналхалқӣ гирифтани сомона дар ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Идораи фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил қабул гардида буд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷаласаи мазкур аъзои мақомоти номбурда аз давлатҳои аъзо, инчунин аз Тоҷикистон иштирок доштанд.
Кумитаи иҷроияи ИДМ ба давлатҳои аъзо бо нома муроҷиат кардааст, ки пешниҳоди мазкурро баррасӣ намуда, то 25 феврали соли 2018 номаи ҷавобӣ ирсол намоянд.








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






