Муҳассилини «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Ҳисор дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро сазовор гардиданд

Февраль 22, 2018 15:40

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.    Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври минтақавии олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро баргузор намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ байни синфҳои 9-10 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Дар олимпиадаи фаннии минтақавӣ  зиёда аз 1000 нафар хонандагон  аз фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ- риёзӣ иштирок намуданд.   Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ҳисор сазовори 55 ҷой, шаҳри Турсунзода -33 ҷой, ноҳияи Рўдакӣ -32 ҷой, ноҳияи Шаҳринав -24 ҷой, ноҳияи Файзобод –11 ҷой, шаҳри Ваҳдат -7 ҷой, ноҳияи Варзоб -6 ҷой ва шаҳри Роғун -3 ҷой гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар даври минтақавии олимпиада хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби  Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор бо гирифтани 24 ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 6 медали нуқра, 9 медали биринҷӣ)  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, байни дигар муассисаҳои таълимӣ мақоми аввалро сазовор гардиданд.

Ҳамзамон натиҷаи ҷамъбасти даври минтақавии олимпиада байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумурӣ нишон дод, ки бо дарназардошти сол то сол муҳайё гардидани шароити таълим дар муассисаҳои таълимӣ иштирок дар озмуну олимпиадаҳо зиёд гашта, сатҳи дониши хонандагон нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гардидааст.

Ҷамъбасти олимпиада   дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва директори Марказ Тоҷинисо Маҳмадова ба ғолибон ифтихорномаю медалҳо супориданд.

 

 

 

 

Февраль 22, 2018 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад