МУХЛИСОНИ ТОҶИКРО БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ МЕБАРАНД! ФФТ ва «Сомон Эйр» дар сурати зарурат парвозҳои иловагӣ ташкил мекунанд

Февраль 15, 2018 15:52

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи  футболи Тоҷикистон бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар сурати пеш омадани зарурат барои мухлисони футболи тоҷик ҷиҳати тамошои бозиҳои Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол, ки дар Россия аз 14 июн то 15 июли соли равон баргузор мегарданд, парвозҳои иловагӣ бо тахфиф ташкил мекунанд.

Дар ин бора дирӯз дар ҷараёни ба имзо расонидани Шартнома дар бораи ҳамкории байни Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои соли 2018 иттилоъ дода шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, шартномаи мазкурро муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев ба имзо расониданд.

 

 

Февраль 15, 2018 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад