Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Февраль 23, 2018 16:03

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматовро 23 феврал дар Душанбе ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин мавзӯи омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Эргаш Шоисматов соли 1951 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Институти политехникии шаҳри  Тошканд мебошад. Аз соли 1996 то феврали 2001 мансаби вазири энергетика ва энергетикакунонии Ӯзбакистонро ба уҳда доштааст. Дар солҳои 2001-2006 ба ҳайси Раиси раёсати  Ширкати давлатии саҳҳомии «Узбекэнерго» фаъолият кардааст.  Аз соли 2006 то 13 июли соли 2010 ҳамчун муовини Сарвазир оид ба масъалаҳои мошинсозӣ, металлургияи ранга, соҳаи нафту газ, геология, энергетика ва истеҳсоли маводи кимиёвӣ кор кардааст. Моҳи феврали соли 2014 раиси Шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони энергетика таъйин гардидааст.

Аз моҳи декабри соли 2016 раисии раёсати «Uztransgaz»-ро ба ухда доштааст.

Февраль 23, 2018 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон