«Набудани сарпарастон мушкили асосии Кумитаи миллии олимпӣ мебошад» – шарҳи матбуот

Февраль 15, 2018 15:53

ДУШАНБЕ 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (12.02.2018,№32) аз шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе гузориши муфассал чоп кардааст. “Бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд. Ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Ба андешаи Пешвои миллат, иншоот, ки бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир мебошад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад”, — омадааст дар гузориш. Дар шумораи мазкури нашрия ҳамчунин матни Фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат оид ба тағйироти кадрӣ дар як қатор сохторҳои давлативу ҳукуматӣ бознашр шуда, аз нишастҳои маъмулии матбуотии вазорату идораҳо хабару гузоришҳо чоп шудаанд.

«Зиёиён ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзшманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд», — бо ҳамин таъкиди Пешвои миллат дар рубрикаи «Сухани рӯз» шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (13.02.2018,№33) пешкаши хонандагон шудааст. Дар саҳифаи аввали нашрия мақолаи «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Ҷумҳурият» нашр шудааст, ки он аз робита ва ҳамкории ҳамешагии Б.Ғафуров бо матбуоти тоҷик дар мисоли «Тоҷикистони советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») нақл мекунад. Муаллиф навиштааст: «Номбурда дар солҳои ҶБВ бо мақолаҳои оташину нишонрасаш халқи тоҷикро ба муборизаи беамони зидди фашистон даъват кардааст. Ҳатто устод Садриддин Айнӣ зикр мекунанд, ки Бобоҷон Ғафуров барои навиштани асарҳои таърихӣ чандин мавзӯъҳоро пешниҳод кард ва ман аз байни онҳо мавзӯи Ибни Муқаннаъро пазируфтам. Минбаъд аз ин таваҷҷуҳи Б.Ғафуров устод Айнӣ илҳом гирифта, асарҳои «Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик»-ро офарид ва тоҷиконро ба корнамоиҳо ҳидоят намуд».

Мақолаи дигаре, ки таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунад «ҲНИТ- тарроҳ ва муҷрии ҳаводиси баҳманмоҳи хунин» ном дорад. Муаллифи мақола бо овардани далелҳои таърихӣ исбот кардааст, ки воқеаҳои хунини моҳи феврали соли 1990 маҳз бо иғвоандозӣ ва таблиғоту ташвиқоти роҳбарону намояндагони ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат ба амал омада, боиси кушта шудани ҷавонони бегуноҳ ва авҷ гирифтани нобасомониҳои минбаъда гардиданд. «ТЭТ ҲНИТ дар ба вуҷуд омадани даргирию низоъ ва бетартибиҳо дар шаҳри Душанбе на танҳо манфиатдор буд, балки худ ҷараёнро таҳти назар қарор дода, таҷаммуотро идора мекард», — омадааст дар мақола.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (15.02.2018,№20) матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ бо сарлавҳаи «Набудани сарпарастон мушкили асосии Кумитаи миллии олимпӣ мебошад» ва бо сарлавҳаи «Сифати таълиму тарбия дар мактабҳои пойтахт ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест» суханронии Сарвари давлатро дар маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 26 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бознашр кардааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 феврали соли равон бинои иловагии мактаби №26-ро барои 1280 ҷойи нишаст ба истифода дода, бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпӣ пас аз навсозӣ шинос шуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз Пешвои миллат дар маросими ба истифода супоридани бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон иштирок карда, бо фаъолияти корхонаи муштараки «AKIA AVESTO», ки бори аввал дар Тоҷикистон бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

Нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо оид ба фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2017 нашр кардааст. Тибқи гузориши мазкур, ҳоло дар шаҳри Душанбе 62 ҳазору 57 нафар аъзои ҳизб ва 748 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият доранд. Давоми соли 2017 барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби сохторҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 600 тадбири фарҳангиву фароғатӣ, мулоқоту вохӯрӣ, роҳпаймоиву ҳамоиш, мизи мудаввар, конференсияи илмӣ-амалӣ ташкил ва баргузор карда шудаанд.

 

 

 

 

Февраль 15, 2018 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест
Озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ конфронс доир шуд
Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Тоҷикистон баррасӣ гардид