Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ дар Самарқанд тармим мешавад

Февраль 10, 2018 11:11

ДУШАНБЕ, 10.02.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Ба шарафи 140 – солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ тасмим гирифта шудааст, ки Осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ дар Самарқанд тармим карда шавад. Дар ин бора рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо истинод ба яке аз фаъолони Ҷамъияти тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амина Шарофиддинова хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон 300 миллион сӯм, ки ба 37 ҳазор доллар баробар аст, ҷудо намудааст. Дар ин раванд ҳаводорони эҷодиёти устод  ҳамчунин хоҳиш намудаанд, ки нимпайкараи ӯ, ки солҳои пеш дар назди хона – музей  побарҷо буду  пасон онро ба ҳавлӣ дароварданд, ба ҷойи пештарааш баргардонида шавад.

Хотиррасон менамоем, ки Хона – музейи устод Садриддин Айнӣ дар маркази қисмати қадимаи шаҳри Самарқанд, дар наздикии ансамблҳои меъмории «Регистон» ва «Гӯри мир» ҷойгир шудааст. Устод дар ин хона аз соли 1917, вақте ки аз хашми амир Олимхон паноҳ бурда буд, маскан гирифтааст. Айнӣ дар ин манзил қариб 35  сол, то оғози солҳои 50 – уми асри гузашта умр ба сар бурдааст. Минбаъд устод ба шаҳри Душанбе омада, дар пешрафти илму маориф ва фарҳанги ҷумҳуриамон саҳми босазо гузоштааст.


Хона аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввали он охири асри XVIII – оғози асри XIX сохта шудааст. Қисмати дуюми онро устод бо рафиқонашон солҳои 30–юми асри гузашта бо дастони худашон  бино кардаанд.
Осорхона ба ҳаёт ва фаъолияти илмиву адабии шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик, мутарҷим ва адабиётшиноси варзида Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Он аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ду дафтари кории устод иборат мебошад.

Асарҳои ҷовидонаи «Ғуломон», «Одина», «Ятим», «Мактаби кӯҳна» ва «Исёни Муқаннаъ» дар ҳамин ҷо офарида шудаанд.
Дар хона — музей метавон бо ашё ва ҷиҳози қадимию замони шӯравӣ, ҳамчунин ашёи худи устод, аз ҷумла, мизи машҳури кориашон шинос гардид.

Дар кунҷи хонаи нақшинкорӣ сандалии устод нигоҳ дошта шудааст. Айнӣ шабҳои сарди зимистон паси ин сандалӣ нишаста, мутолиа намуданро дӯст медошт. Дар меҳмонхона он кас дӯстону меҳмонони олиқадрро қабул ва меҳмондорӣ мекарданд. Ғафур Ғулом, Абдурауфи Фитрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Ғанӣ, Миртемур, Усмон Носир, Ҳамид Алимҷон барин шахсиятҳои маъруф аз ҷониби устод дар ҳамин ҷо пазируфта мешуданд. Дар ҳавлӣ ниҳолҳои шинондаи устод қомат афрохтаанд. Ду дарахти себ, шафтолу ва ток то ҳол бороваранд.

Экспозитсияи асосии осорхонаро асарҳо ва дастхатҳои худи устод ташкил медиҳанд. Намунаи рӯзнома ва маҷаллаҳое, ки  дар нимаи аввали асри ХХ бо забони тоҷикӣ нашр мешуданд,  низ дар ҳамин ҷо гирд оварда шудаанд.

Ҳамчунин асарҳои ба дигар забонҳо тарҷума ва нашргардидаи устод ба маъраз гузошта шудаанд.  Осорхона ҷойи дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони ин кишвар буда, дар он зуд – зуд чорабиниҳои мухталифи адабиву фарҳангӣ гузаронда мешаванд.

 

 

 

 

 

Февраль 10, 2018 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд