«РӮЗНОМАИ БЕ ҚОҒАЗ ВА БЕ МАСОФА». Радио метавонад тамоми қишрҳо, ҳатто табақаҳои осебпазири ҷомеаро фарогир бошад
ДУШАНБЕ 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии радио таҷлил карда мешавад. Заминаи пайдоиши ин ид маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2011 зимни баргузории 36-умин Конфронси генералии ЮНЕСКО ба миён омад. Дар ин рӯз Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ба Конфронси генералӣ тавсия дод, ки Рӯзи байналмилалии радиоро эълон кунад.
Ҳамин тавр аз соли 2012 инҷониб 13 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии радио таҷлил карда мешавад. Барои он маҳз 13 феврал таҷлил карда мешавад, ки дар ин рӯзи соли 1946 аввалин маротиба «Радиои СММ» дар эфир пахш карда шуд.
Ҳар сол Рӯзи байналмилалии радио зери унвонҳои гуногун, ки дар ҳаёти инсоният нақши бориз доранд, ҷашн гирифта мешавад. Имсол ЮНЕСКО мавзӯи ҷашнии рӯзро «Радио ва варзиш» муайян кардааст.
Пеш аз он, ки дар бораи вазъи имрӯзаи радио, дастрасии мардум ба он ва нақши он дар ҳаёти инсоният сухан ронем, моро месазад оид ба раванди ҷонибдорӣ гардидани Лоиҳаи Рӯзи байналмилалии радио назар андозем, ки ба таври зайл сурат гирифтааст. Лоиҳаи мазкурро 91% пурсидашудагоне, ки дар раванди машварат иштирок доштанд, дастгирӣ намуданд. Ташаббускори лоиҳа Академияи радиои Испания оид ба ҷонибдорӣ намудани пешниҳоди худ аз созмонҳои гуногун, аз ҷумла, Иттифоқи радиошунавонии давлатҳои араб, Иттифоқи радиошунавонии Африқо, Иттифоқи аврупоии радиошунавонӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии телевизион ва радиошунавонӣ, Ассотсиатсияи радиошунавонии Америкаи Шимолӣ, радио Ватикан ва ғайра зиёда аз 46 мактуб дастрас намудааст.
«Радио ҳамеша дар ҳоли такмил аст. Имрӯз дар давраи баҳамоии воситаҳои ахбори оммаи мухталиф, радио фарогири технологияҳои муосир, ба мисли алоқаи мобилӣ ва ҳаракаткунандаи васеъ, компютерӣ, планшетӣ ва ғайра аст»,- омадааст дар матлабе, ки бахшида ба ин рӯз дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид нашр шудааст.
Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одрэ Азуле дар паёми солонаи худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии радио чунин навиштааст: «Радио воситаи беҳтарини ба самъи шунавандагон расонидани эҳсоси ҳаловати хоси муҳорибаҳои варзишӣ мебошад. Инчунин он барои паҳн намудани арзиши бозиҳои бидуни фиреб, рӯҳбаландии даставӣ ва баробарӣ дар варзиш имконият медиҳад».
Бо вуҷуди он, ки ҷаҳон босубот дар ҳоли рушд аст ва одамон ба воситаҳои ахбори омма дастрасии беҳтар доранд, тибқи баъзе аз сарчашмаҳои интернетӣ то ҳол дар олам зиёда аз як миллиард нафар ба радио дастрасӣ надоранд.
Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии радио дар мавҷи FM дар нимсолаи дуюми соли 2017 чунин мебошад:
Радиои Тоҷикистон – 85.32%
«Овози тоҷик» – 55.13%
«Фарҳанг» – 59%
«Садои Душанбе» – 63.45
Ин нишондиҳанда, ки аксаран аз 50% зиёд мебошад, гувоҳи озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот мебошад.
Назаре ба пайдоиши радио дар Тоҷикистон
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар фазои иттилоотии он дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, дар баробари дигар намудҳои радиоҳои ВАО як қатор радиоҳо низ таъсис дода шуданд, ки барои иттилоотонии мардум саҳм мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Дар баробари ин аз 14 ноябри соли 1996 инчониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» амал мекунад, ки тамоми самтҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва фаъолияти телевизион ва радиошунавониро ба танзим медарорад.
Имрӯз дар барбари радиоҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву ноҳиявии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе радиоҳои «FM- Ховар», «Азия-Плюс», «Ватан», «Имрӯз», «Русское Радио Ориёно» ва чандин радиои дигар фаъолият намуда, дар ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии мамлакат саҳм гузошта истодаанд.
Аввалин маротиба 10 апрели соли 1930 садои Радиои Тоҷикистон бо ибораи «Диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ Хонаи деҳқон ва Театри ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе дар фазои пойтахти Тоҷикистон паҳн гардида буд. Аввалин наттоқи ин радио Агрепина Рженовская аз рӯзи аввал бо садои буррои худ ба дили шунавандагон ҷой гирифт. Дар оғози фаъолият доираи шунавандагони радио маҳдуд буд, зеро он вақт ҳамагӣ 20 дастгоҳи садодиҳӣ дар ҷойҳои серодам насб шуда буданд. Пас аз чанд муддат теъдоди шунавандагони радио зиёд гардид, зеро садои он фазои пойтахтро убур карда, дар ноҳияҳои тобеи он-Ҳисору Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб танинандоз гардид. Ҳамин тавр, 87 сол муқаддам дар фазои иттилоотии Тоҷикистон расонаи муҳими хабарӣ арзи вуҷуд кард, ки имрӯз ба як воситаи пурқудрати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Радиои Тоҷикистон» табдил ёфта, доираи шунавандагонаш ба миллионҳо нафар расидааст.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки мамлакатро нооромиҳо фаро гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад, «Радиои Тоҷикистон» бо пахши барномаҳои худ, махсусан барномаи «Хоки Ватан» тавонист ҳамватанони моро, ки гуреза шуда буданд, ба Ватан бозгардонад. Зеро ба воситаи ин барнома сиёсати сулҳҷӯёнаи ҳамонвақтаи Тоҷикистон, ки бо роҳбарии абармарди сиёсати миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардид, ба самъи шунавандагон расонида мешуд. Ин нуктаро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.
Номбурда радиоро барои Тоҷикистон, ки мамлакати кӯҳӣ аст, як муъҷиза унвон кард ва чунин илова намуд: «Мардум тамоми хабару иттилоъро тариқи радио дастрас мекарданд. Садои радио дар саросари мамлакат пахш мегардид. Ҳатто радиоҳое буданд, ки то имрӯз дар байни мардум ҳамчун «радиои панҷсӯма» ном бурда мешаванд ва онҳо дар тамоми хоҷагиҳо насб гардида буданд. Инчунин дар тамоми марказҳои ҷамоатҳо баландгӯякҳои калон мавҷуд буданд, ки мардумро бо иттилоъ таъмин менамуданд».
Ба андешаи раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, радио, ки онро рӯзномаи бе коғазу бе масофа низ меноманд, то ба имрӯз дар зиндагии мардуми тоҷик нақши бисёр муассир дорад. «Он бо пахши барномаҳои иттилоотӣ, навгониҳо, мусиқӣ, радиосенарияҳо, барномаҳои адабӣ, ки мардум бо шавқу ҳавас гӯш мекунанд, дар рӯзгори мо ҷойгоҳи махсус дорад. Хулоса, радио дар баҳамории миллати тоҷик ва барқарорсозии сулҳу ваҳдати комили имрӯза нақши босазо ва фаромӯшнопазир дорад»,-гуфт Олим Салимзода.
Яке аз радиоҳои навтаъсис ва ҷавоне, ки дар миёни радиоҳои фаъолиятбаранда дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият дорад – ин Радиои «FM-Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон мебошад.
«Радиои «FM-Ховар» 2 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №285 таъсис ёфтааст. Нахуст садои Радиои «FM- Ховар» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он пахш гардид. Баъди фаъолияти начандон тӯлонӣ, фарогирии мавҷи ин радио то шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи ин шаҳрҳо (рӯйи мавҷи 100,5 FM) васеъ карда шуд»,- иброз дошт директори Радиои «FM Ховар» Саидҷаъфар Ашӯрзод ва илова намуд: «Соли 2015 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва навоҳии атрофи он (рӯйи мавҷи 91,5 FM) дастрасии мавҷи Радиои «FM- Ховар» имконпазир гардид. Хусусияти фарқкунандаи он ҳамин аст, ки Радиои «FM- Ховар» нахустин радио дар Тоҷикистон мебошад, ки тавассути Шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи www.кhovar.tj мавриди таваҷҷуҳи шунавандаҳо қарор гирифт».
Имрӯз Радиои «FM Ховар» бо пешниҳоди барномаҳои таҳлилии «Бозтоб» (таҳлил ва баррасии мавзӯъҳои иҷтимоӣ), «Дармон» (соҳаи тандурустӣ) «Соярӯшан» (мавзӯоти амнияту тартибот), «Садои ҷовидонии ҳунар» (гиромидошти хотираи устодони санъат ва ҳунармандони зиндаёд), «Меҳмони Ховар» (мавзӯъҳои гуногуни илму фарҳанг ва адабу ҳунар бо иштироки адибон, ҳунармандони театру санъат, олимону муҳаққиқон) ва «Ҷаҳони варзиш» (рӯйдодҳои муҳими варзишӣ, суҳбат бо устодони варзиш ва варзишгарон) бо шакл ва услуби хос ба самъи шунавандагон расонида мешавад. Инчунин гуфторҳо аз китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» зери унвони «Дурдонаҳо аз гуфтори Пешвои миллат» пахш карда мешаванд.
Радиои мазкур ба таври шабонарӯзӣ барномаҳои хабарӣ пешниҳод мекунад, ки аз соати 7:00 то 24:00 ҳар ним соат ва аз 24:00 то 6:00 ҳар соат садо медиҳанд. Имрӯз метавон гуфт, ки радио дар ҳаёти мардум нақши басо муассир дорад, зеро тавре дар сомонаи расмии СММ омадааст: «Радио метавонад тамоми қишрҳо, ҳатто табақаҳои осебпазири ҷомеаро фарогир бошад, ба онҳо имконият фароҳам орад, ки дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа ширкат варзанд. Зиёда аз ин, радио ҳангоми ҳолатҳои фавқулода нақши барҷаста бозида, кумакрасонӣ зимни офатҳои табииро осон мекунад».
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»