Роҳи мошингард байни Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошим, Рӯшон ва Шуғнон бар асари тармафароӣ муваққатан баста шуд
ХОРУҒ,15.2.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боришоти пай дар пай субҳи 15 феврал роҳҳои мошингард аз шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияҳои Ишкошим- Рӯшон- Шуғнон баста шуданд. Навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мансур Додихудоев гуфт, ки «ҳоло роҳи мошингарди маркази вилоят танҳо ба самти ноҳияи Роштқалъа боз аст. Шаби гузашта дар ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим, деҳоти Шипаду Деҳи ноҳияи Рӯшон ва мавзеи Бидурди ноҳияи Шуғнон тармаҳои калонҳаҷм фаромада, ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ гардид. Ба иллати идомаи боришот ва эҳтимоли тармафуроӣ поксозии роҳ мушкил гардидааст. Аммо сарфи назар аз ин, роҳсозони Муассисаи давлатии «Бадахшонроҳсоз» бо риояи бехатарии техникӣ кӯшиш мекунанд, ки ҳарчӣ зудтар роҳро аз тарма тоза кунанд».
Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят аз ҳамаи ронандагони мошинҳои мусофирбару боркаш даъват намуд, ки то қатъи боришот муваққатан аз сафар ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои вилоят худдорӣ намоянд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






