«Сомон Эйр» тасмим дорад Душанберо дар Осиёи Марказӣ ба нуқтаи транзитӣ табдил диҳад

Февраль 12, 2018 16:53

 ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Сомон Эйр» тасмим дорад, ки Душанберо ба нуктаи  транзитии ҳаётан муҳим дар Осиёи Марказӣ табдил дода, дар ин росто  шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва баъдан  Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ ва ҳавзаи Уқёнуси Оромро  бо самтҳои  ғарбиву аврупоии худ пайваст  намуда,  байни Шарқу Ғарб  ҳалқаи васлкунанда хоҳад шуд. Ин матлабро директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Ҳалам  дар маросими таҷлили ҷашни даҳумин солгарди ширкати мазкур дар Душанбе иброз дошт.

Томас В. Ҳалам доир ба фаъолияти  ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр»  дар зарфи даҳ сол ва дурнамои он ибрози назар намуда, таъкид кард, ки  тӯли як даҳсола  «Сомон Эйр»  ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида, дар бозори ҳавонавардии  мамлакат ҷойгоҳи шоиста  касб намуд. «Сомон Эйр»  фаъолияти  худро аз як ҳавопаймои  ба иҷорагирифтаи Boeing 737, ки дар як самт фаъолият мекард,  оғоз намуда, имрӯз  дар ихтиёри худ  шаш ҳавопаймои хусусӣ дорад, ки ба 21 самт парвозҳо анҷом медиҳанд. Дар даҳсолаи оянда роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» тасмим дорад, ки дар таърихи  фаъолияти ширкат саҳифаи нав боз намояд.

Таъкид гардид, ки  «Сомон Эйр» маҳз бо шарофати  узвият дар ИАТА (Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ)   хатсайрҳои нав роҳандозӣ намуда,  ба иҷрои парвозҳо ба  Аврупо ва Амрикои Шимолӣ иқдом менамояд.  Ин хатсайрҳо тавассути   парки ҷадид-ҳавопаймоҳои нави  Embraer, Boeing 737 Max ва Дримлайнери  Boeing  787, ки ғунҷоиши зиёд дошта,  барои иҷрои парвозҳои дур   пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегарданд.  Ин ҳавопаймоҳо самаранокии баланд дошта,  ҷиҳати пайванди  Тоҷикистон бо ҷаҳон, рушди туризм, фароҳам овардани  имкониятҳои нав барои ширкат ва кулли мардуми ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд кард. Имрӯз ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» аз Душанбе ба самти Москва, Дубай, Франкфурти лаби Майн, Санкт-Петербург, Истанбул, Алмаато, Урумчӣ, Краснодар, Новосибирск, Сочи, Екатеринбург, Иркутск, Қазон, Красноярск, Оренбург, Хуҷанд,  ҳамчунин аз Хуҷанд ба Москва, Екатеринбург, Қазон, Краснодар, Санкт-Петербург, Новосибирск ва аз Кӯлоб ба Москва парвозҳо анҷом медиҳанд.

Парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» айни замон аз 6 ҳавопаймои Боинг – 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад. Ду ҳавопаймо соли 2011 дар рӯзи воридшавӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муаррифӣ гардиданд. Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ҷоизаи «Брэнди сол» қадрдонӣ шуда, соли 2013 ба палатаи Клирингии ИАТА (Ассотсиатсияи байналмилаии нақлиёти ҳавоӣ) шомил гардид. Ҷоизаи навбатӣ аз ҷониби корпоратсияи «Боинг» барои иҷрои техникиву саривақтии парвозҳо ба роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ соли 2015 супорида шуд.

Дастоварди дигари ширкат, ки на танҳо барои худи ширкат, балки барои кулли авиатсияи тоҷик аҳамияти зиёд дорад, гирифтани нахустин сертификати IOSA (аудити бехатарии истифодаи ИАТА) дар соли 2016 мебошад, ки он қадами нахустин ҷиҳати ворид шудан ба  ИАТА маҳсуб меёбад. Сертификати дуюмӣ соле баъд ба даст омад. 5 сентябри соли 2017 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин шуда, дар Тоҷикистон аъзои  ИАТА гардид, ки ин барои ширкат дастоварди хеле бузург  аст.

Узвият дар ин Ассотсиатсияи бонуфузи байналмилалӣ, бешак, ба тақвияти мавқеи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамчун интиқолдиҳандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуда,  барои истифодаи таҷрибаи интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбар, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва намудҳои нави хизматрасонӣ, ҳамзамон баланд бардоштани стандартҳои фаъолияти фаврӣ ва осон кардани тартиби бастани созишномаҳо имконият фароҳам оварда, дар ниҳоят афзалиятҳои ҷиддии рақобат ва кам кардани хароҷотро пешбинӣ менамояд.

Рушду такомули ширкат, тақвияти бехатариву бароҳатии парвозҳо, васеъ кардани ҷуғрофияи парвозҳо ва харидории ҳавопаймоҳои замонавӣ аз тасмимоти минбаъдаи  ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошанд.

                                            Марзия САИДЗОДА,

                                                               АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2018 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид